Маҳалли супоридани аксиз
Meg S
16.03.2018
Ҷамъият
36 Показы
Моддаи 207-и Кодекси Андоз. Маҳалли супоридани аксиз

- Пардохти аксиз барои молҳои зераксизӣ, ба истиснои ҳолатҳои дар қисмҳои 2 ва 3 ҳамин моддапешбинигардида, дар маҳаллибақайдгирии супорандаи аксиз амалӣ карда мешавад.
- Супорандагони андози аксиз аз рўи молҳои зераксизӣ, ки дорои воҳидҳои алоҳида мебошанд, андози аксизро дар маҳалли ҷойгиршавии воҳидҳои алоҳида, ки истеҳсоли молҳои зераксизиро анҷом медиҳанд, месупоранд.
- Аксиз барои намудҳои алоҳидаи хизматрасониҳо дар соҳаи алоқаи барқӣ бояд ба буҷет дар маҳалли баҳисобгирии андозсупоранда (новобаста ба мавҷудияти воҳидҳои алоҳида) супорида шавад.
Кодекси Андоз 2018-03-16