Главная / Ҷамъият / Назорати андози маҳсулоти зераксизии спиртдор, бе спирт ва тамоку

Назорати андози маҳсулоти зераксизии спиртдор, бе спирт ва тамоку

Моддаи 206-и Кодекси Андоз. Назорати андози маҳсулоти зераксизии спиртдор, бе спирт ва тамоку

  1. Назорати андозии баҳисобгирии ҳаҷми истеҳсол (рехтан), нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва аз ҳудуди бинои истеҳсолӣ берун баровардани маҳсулоти зераксизии спиртдор, бе спирт ва (ё) тамоку, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, бо дарназардоштиҳамин моддамувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
  2. Ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамоку таҳти низоми иҷозат барои муомилоти озод аз ҷониби мақомоти гумрук танҳо баъди пешакӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба чунин маҳсулот гузоштани тамғаҳои аксизӣ иҷозат дода мешавад.
  3. Ба маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамоку гузоштани тамғаҳои аксизӣ аз ҷониби шахси воридкунандаи чунин маҳсулот таъмин карда мешавад. Барои ба маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамокуи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда гузоштани тамғаҳои аксизӣ ин маҳсулот бояд мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анборҳои нигоҳдории муваққатӣ ҷойгир ё таҳти низоми анбори гумрукӣ эъломия карда шавад.
  4. Барасмиятдарории гумрукии маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамоку таҳтинизоми гумрукии иҷозат барои муомилоти озод метавонад бо қисмҳои алоҳида мутаносибан ба маблағи супоридашудаи боҷи гумрукӣ ва андозҳое, ки қонунгузории андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сурат гирад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …