Пардохти аксизҳо
Meg S
16.03.2018
Ҷамъият
97 Показы
Моддаи 205-и Кодекси Андоз. Пардохти аксизҳо

- Ҳангоми истеҳсоли молҳои зераксизӣ аксизҳо бояд аз амалиёти андозбандишаванда на дертар аз санаи 10-уми моҳи минбаъдаи баъди моҳи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда супорида шаванд.
- Андозсупоранда ҳуқуқ надорад молҳои зераксизиро аз ҳудуди бинои истеҳсолӣ бе супоридани андози аксизии ин молҳо берун барорад.
- Ҳангоми воридоти молҳо аксиз аз ҷониби мақомоти гумрук мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва қонунгузории гумрук ситонида мешавад.
- Пардохти аксиз ба буҷет барои хизматрасониҳо дар соҳаи алоқаи барқӣ на дертар аз санаи 10-умимоҳи минбаъдаи баъди моҳи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда амалӣ мешавад.
Кодекси Андоз 2018-03-16