Главная / Ҷамъият / Амали прокурор баъди анҷоми санҷиш

Амали прокурор баъди анҷоми санҷиш

Моддаи 204-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Амали прокурор баъди анҷоми санҷиш

  1. Баъди анҷом ёфтани санҷиши ҳолатҳои нав ошкоршуда, дар сурати мавҷуд будани асосҳо барои аз нав сар кардани пешбурд аз рӯи парванда, прокурор парвандаро бо хулосаи худ ва нусхаи қарорро  дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 197 Кодекси мазкур ба суди дахлдор мефиристонад.
  2. Дар сурати мавҷуд набудани асосҳо барои аз нав оғоз кардани пешбурд аз рӯи парванда прокурор бо қарори асосноки худ пешбурди аз ҷониби ӯ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда оғозгардидаро қатъ мегардонад.
  3. Қарор дар бораи қатъ гардидани пешбурд аз рӯи парванда ба маълумоти шахсони манфиатдор расонида, ба онҳо фаҳмонида мешавад, ки онҳо ҳуқуқ доранд нисбат ба қарор ба суд шикоят кунанд ва суд   салоҳият дорад масъалаи аз нав оғоз кардани пешбурдро аз рӯи парвандаи мазкур бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда ҳал намояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …