Главная / Ҷамъият / Мӯҳлатҳои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Мӯҳлатҳои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 202-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мӯҳлатҳои аз нав сар  кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 

  1. Аз нав баррасӣ кардани қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд ё мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда ба манфиати шахсе, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст, бо ҳеҷ гуна мӯҳлат маҳдуд карда намешавад.
  2. Фавти шахсе, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст, барои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда бо мақсади қатъ кардани парвандаи ӯ монеъ намегардад.
  3. Аз нав баррасӣ кардани қарор доир ба қатъи парванда, ҳамчунин аз нав баррасӣ кардани қарор бо сабабҳои сабукии ҷазо ё зарурати нисбат ба шахсе, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст татбиқ кардани қонун оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурии нисбатан вазнинтар танҳо дар давоми мӯҳлатҳои ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан ва на дертар аз се  моҳ  аз рӯзи ошкор шудани ҳолатҳои нав мумкин аст.
  4. Рӯзи ошкор шудани ҳолатҳои нав ҳисоб карда мешавад:

– рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хилофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардани қонуне, ки зимни барасмиятдарорӣ ва баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии мушаххас татбиқ карда шудааст;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1476)

– дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 197 Кодекси мазкур рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани таъинот, қарор, ҳукм нисбат ба шахсоне, ки дар додани нишондод ва хулосаи бардурӯғ, пешниҳоди далелҳои қалбакӣ, тарҷумаи нодуруст ё амали  ҷинояткоронае, ки ҳангоми барасмиятдарорӣ ва баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  содир шудаанд, гунаҳгоранд. 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …