Главная / Ҷамъият / Тасдиқи содироти молҳои зераксизӣ

Тасдиқи содироти молҳои зераксизӣ

Моддаи 202-и Кодекси Андоз. Тасдиқи содироти молҳои зераксизӣ

  1. Ҳангоми содироти молҳои зераксизӣ барои тасдиқи асоснокии озодкунӣ мутобиқи моддаи 201 Кодекси мазкур аз ҷониби андозсупоранда дар давоми 120 рўзи тақвимӣ аз санаи қайди мақоми гумруке, ки баровардани молҳои зераксизиро бо низоми содирот амалӣ намудааст, ба мақомоти андози маҳаллибақайдгириаш ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

-шартнома (қарордод) оид ба таҳвили молҳои зераксизии содиршаванда;

-эъломияи гумрукии бор ё нусхаи он, ки мақомоти гумрук тасдиқ кардааст, бо қайди мақоми гумруке, ки молҳои зераксизиро бо низоми содирот баровардааст, дар мавриди баровардани молҳои зераксизӣ таҳти низоми содирот тавассути шабакаи қубурҳои магистралӣ ё ин ки бо истифодаи расмиёти барасмиятдарории нопурраи эъломияи даврагӣ бошад, эъломияи гумрукии пурраи бор бо қайди мақоми гумруке, ки барасмиятдарории гумрукиро анҷом додааст;

-нусхаи ҳуҷҷатҳои бо мол фиристодашаванда бо қайди мақоми гумруке, ки дар гузаргоҳи қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ аст, дар мавриди баровардани молҳои зераксизӣ таҳти низоми содирот тавассути шабакаи қубурҳои магистралӣ бошад, санади қабулу супоридани молҳо пешниҳод карда мешавад;

– ҳуҷҷатҳои пардохт ва иқтибоси бонк (нусхаи иқтибос), ки воридоти воқеии даромади асъорро аз таҳвили молҳои зераксизӣ ба содирот ба суратҳисобҳои андозсупоранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) ба суратҳисобҳои ў дар бонкҳои хориҷӣ тасдиқ менамоянд.

  1. Агар дар шартнома (қарордод) ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд пешбинӣ шуда бошад, андозсупоранда иқтибоси бонк (нусхаи иқтибос), ки ба суратҳисоби дар бонки ватанӣ ва (ё) ба суратҳисобҳои дар бонкҳои дар хориҷа кушодаи ў гузаронидани маблағҳои бадастовардаашро тасдиқ мекунад, инчунин нусхаҳои ордери хазинавии даромадро, ки воридоти воқеии даромадро (маблағро) аз шахси хориҷӣ – харидори молҳои содиршуда тасдиқ мекунад, пешниҳод менамояд.
  2. Дар ҳолати анҷом додани амалиёти иқтисодии хориҷӣ оид ба мубодилаимолҳо (корҳо, хизматрасониҳо) андозсупоранда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи воридоти молҳоро (иҷрои корҳо, хизматрасониҳоро) ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рўи амалиётҳои зикргардида гирифта шудаанд ва ба ҳисоб гирифтани онҳоро пешниҳод мекунад.
  3. Ҳангоми тасдиқ нашудани содиротимолҳои зераксизӣ мувофиқи қисмҳои 1-3ҳамин модда чунин содиротмувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин фасл барои андозбандии таҳвили молҳои зераксизӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аксизбандӣ карда шавад.
  4. Ҳангоми ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи содироти молҳои зераксизӣ дар давоми 180 рўзи тақвимӣ аз санаи қайди дар қисми 1 ҳамин моддапешбинигардидаи мақоми гумрук андозсупоранда барои баҳисобгирӣ ё баргардонида гирифтани андози мутобиқи қисми 4ҳамин моддапардохтшуда, ба истиснои фоизҳои ҳисобшуда, хуқуқ дорад. Дар акси ҳол андозсупоранда ҳуқуқи баҳисобгирӣ ё баргардонидани андози мутобиқи қисми 4 ҳамин мода пардохтшударо надорад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …