Главная / Ҷамъият / Озодкунӣ

Озодкунӣ

Моддаи 201-и Кодекси Андоз. Озодкунӣ

  1. Аз супоридани аксиз озод мебошанд:

-нўшокиҳои спиртдор, ки шахси воқеӣ мувофиқи номгўй ва  дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истеъмоли худӣ истеҳсол мекунад;

-ворид намудани ду литр нўшокии спиртӣ, ду баста (400 дона) сигор, маснуоти заргарӣ ба миқдори 4 адад (бо арзиши на зиёда аз 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) аз тарафи шахси воқеӣ барои истеъмоли (истифодаи) худӣ, инчунин сўзишвории автомобил мувофиқи ғунҷоиши зарфи сўзишвории автомобил барои шахсоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути автомобил ворид мешаванд;

-молҳое, ки ба тариқи транзит тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешаванд;

-воридоти муваққатии молҳо ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои молҳое, ки барои содироти такрорӣ (реэкспорт) пешбинӣ шудаанд;

-молҳои зераксизӣ, ба ғайр аз маҳсулоти спиртдор ва тамоку, ки дар доираи кўмаки башардўстона ворид мешаванд, инчунин молҳои воридшаванда барои беподош додан ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ ба мақсади бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, садамаҳо, фалокатҳо ва барои беподош додан ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда;

-содироти молҳои зераксизӣ, агар чунин содирот ҷавобгўи талаботи муқаррарнамудаи моддаи 202 Кодекси мазкур бошад.

  1. Озодкунӣ аз аксизҳои дар сархатҳои сеюм – шашумиқисми 1 ҳамин моддапешбинигардида танҳо дар ҳолатҳое татбиқ мешавад, ки шартҳои озодкунӣ аз боҷи гумрукӣ дар низомҳои дахлдор мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро шаванд. Дар ин ҳолатҳо, агар барои мақсади ситонидани боҷи гумрукӣ воридот таҳти низоми баргардонидани боҷи гумрукӣ қарор гирад ё супоридани боҷи гумрукӣ дар ҳолати вайрон намудани шарти озодкунӣ талаб карда шавад, ҳамин низом нисбат ба ситонидани аксиз татбиқ мегардад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …