Главная / Ҷамъият / Меъёрҳои андоз

Меъёрҳои андоз

Моддаи 200-и Кодекси Андоз. Меъёрҳои андоз

  1. Меъёрҳои андози аксиз барои молҳои зераксизӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ муқаррар карда мешаванд.
  2. Меъёрҳои аксизҳо метавонанд бо фоизҳо (адвалорӣ)ба арзиши молҳои зераксизӣ ва (ё) бо маблағи устувор (мутлақ) ба воҳиди ченаки молҳои зераксизӣ дар ифодаи натуралӣ муқаррар карда шаванд.
  3. Меъёрҳои аксизҳо барои маҳсулоти спиртдор вобаста ба ҳаҷми спирти беоби дар таркибаш мавҷудбуда (садфоиза) тасдиқ карда мешаванд.
  4. Меъёри аксиз барои намудҳои алоҳидаи хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ дар ҳаҷми 5 фоизи манбаи андоз муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1188)

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …