Моддаи 20-и Кодекси оила. Баррасии баҳсҳое, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ дар байни зану шавҳар ба миён меоянд
Баҳсҳо дар хусуси тақсими молу мулки муштараки зану шавҳар, пардохти маблағ барои таъминоти зан ё шавҳари эҳтиёҷманди корношоям, инчунин баҳсҳо дар хусуси фарзандон, ки байни зану шавҳар ба миён меоянд ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», сарфи назар аз бекор кардани ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ба тариқи судӣ баррасӣ мешаванд. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)