Главная / Ҷамъият / Минтақаҳои ҳифзи оби объектҳои об

Минтақаҳои ҳифзи оби объектҳои об

Моддаи 20-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Минтақаҳои ҳифзи оби объектҳои об

1.Минтақаҳои ҳифзи об ҳудудест бевосита ҳамшафати маҷрои дарёҳо, каналҳои таъиноти гуногун, обанборҳо, дигар объектҳои об, ки дар он низоми махсуси истифодаи об ба мақсади ҳифзи ин объектҳо аз ифлосшавӣ, лойқашинӣ, олудашавӣ аз обовардҳо ва дигар зуҳуроти номатлуб, инчунин барои ташкили низоми мусоиди об муқаррар карда мешавад.

2.Ба минтақаҳои ҳифзи об инҳо мансубанд:

-минтақаҳои ҳифзи санитарии рӯизаминӣ ва сарҳадоти паҳншавии обҳои зеризаминӣ;

-қитъаҳои соҳилии обанборҳо ва кӯлҳои табиӣ;

-қитъаҳое, ки барои сохтмони каналҳои таъиноти гуногун ҷудо карда мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …