Главная / Ҷамъият / Мафҳумҳои асосӣ

Мафҳумҳои асосӣ

Моддаи 2-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Кодекси мазкур мафхумхои асосии зерин истифода карда мешаванд;

-об- ҳамаи обҳои дар объектҳои обӣ мавҷуда;

-обҳои рӯизаминӣ– обҳои доим ё муваққатан дар объектҳои обии рӯизаминӣ қарордошта;

-обҳои зеризаминӣ– обҳои аз ҷумла маъданӣ, дар объектҳои обии зеризаминӣ қарордошта;

-захираҳои об– захираҳои оби рӯизаминӣ ва зеризаминие, ки дар объектҳои об қарор доранд ва истифода мешаванд ё истифода хоҳанд шуд;

-объектҳои об– ҷамъшавии об дар рӯи замин, қаъри замин дар як ҳудуду ҳаҷм бо доштани низоми обӣ;

-низоми об – тағйир ёфтани сатҳ, хароҷот ва ҳаҷми об дар объектҳои об;

-манбаи обҳои рўизаминӣ– объекти оби рӯизаминӣ дар маҷмӯъ, ҳамчунин бо мубодилаи сусти об дар пастиҳои табиӣ ё сунъӣ;

-объекти оби ҷудогона (манбаи оби сарбаста) – манбаи оби масоҳати хурд ва ҷоринашавандаи сунъӣ, ки бо дигар объектҳои оби рӯизаминӣ аз ҷиҳати гидравликӣ вобаста нест;

-Ҳавзаҳои обҷамъшаванда – ҳудуде, ки дар он об ҷорӣ шуда объекти обро ба вуҷуд меорад;

-обҳои дренажӣ – обҳое, ки ба воситаи шабакаҳои заҳкашӣ сарҷамъ гардида, ба объектҳои об партофта мешаванд;

-обҳои партов – обҳое, ки баъди истифодаи он аз минтақаи ифлосшуда бо тартиби муқарраршуда ба объектҳои об партофта мешаванд;

-истифодаи объектҳои об- бо тарзи гуногун гирифтани манфиат аз объектҳои об барои қонеъ гардонидани талаботи моддӣ ва дигар эҳтиёҷоти шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ;

-Ҳифзи объектҳои об – фаъолият оиди ҳифз ва барқарорсозии объектҳои об нигаронидашуда;

-ифлосшавии объектҳои об – партов ё ба таври дигар дохил шудан, инчунин пайдо шудани моддаҳои зарароваре, ки сифати обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминиро бад мегардонанд, истифодаи қаър ва соҳилҳои объектҳои обро маҳдуд месозанд, ё ба онҳо таъсири манфӣ мерасонанд;

-олудашавии объектҳои об – партов ё ба таври дигар дохил шудани моддаҳо ё зарраҳои муаллақ ба объектҳои об, ки ҳолат ва истифодаи объектҳои обро душвор месозанд;

-камшавии об – мунтазам камшавии захира ва бадшавии сифати обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ;

-таъсири зараровари об – зери об, қисман зери об мондан ва дигар таъсири зараровари обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ ба минтақа ва объектҳои муайян;

-истифодабарандаи об– шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки обро ба тартиби муқарраргардида барои эҳтиёҷоти худ истифода мебаранд;

-фаъолияти хоҷагии об– фаъолияти шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ оиди истифода, барқарорсозӣ ва ҳифзи объектҳои об;

иҷозат барои истифодаи махсуси обиҷозате, ки барои истифодабарии объекти об  аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об дода шудааст; (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

-оби нӯшокӣ- обе, ки аз рӯи ҳамаи сифатҳояш дар ҳолати табиӣ ё баъди коркарди он (тозакунӣ, безараргардонӣ, илова кардани моддаҳои зарурӣ) ба талаботи меъёрӣ мувофиқ аст ва барои нӯшидан ва эҳтиёҷоти маишии инсон ё барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрока истифода шуда метавонад;

-меъёрҳои сифати оби нӯшокӣ (талаботи меъёрӣ)- маҷмӯи бо усулҳои илмию тадқиқотӣ ва бо қоидаҳои санитарӣ муқарраршудаи нишондодҳои имконпазири хосиятҳои таркиби кимиёвӣ ва микробиологии оби нӯшокӣ, ки бехавфию безарарии онро барои саломатии инсон кафолат медиҳад;

-таъминкунӣ бо оби нушокӣ– фаъолияте, ки ба таъмини талаботи ба оби нушокӣ доштаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нигаронида шудааст;

-истифодаи умумии об– истифодаи умумии об бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳи техникӣ;

-истифодаи махсуси об- истифодаи об ба воситаи ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникӣ;

-истифодабарандагони аввалаи об– шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки объектҳои об ба онҳо барои истифодаи ҷудогона дода шудаанд;

-истифодабарандагони баъдинаи об– шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба онҳо истифодаи объектҳои об бо розигии истифодабарандагони аввалаи об дар асоси шартномаи тарафайн бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об» дода мешавад; (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

-каптаж- ҷамъ кардан ва ба маҷрои муайян равона кардани обҳо бо мақсади бо пуррагӣ истифодабарӣ ва аз ифлосшавӣ нигоҳ доштани онҳо;

-мониторинг-мушоҳида, баҳодиҳӣ ва пешбинии ҳолати об;

-ассотсиатсияи истифодабарандагони об – ташкилоти ғайритиҷоратиест. Ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқии дорои ҳуқуқи истифодаи заминҳои кишоварзӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ таъсис дода мешавад;

-ташкилоти (идораи) – ҳавзавии хоҷагии об ва ё раёсат, ки ба истифодабарандагони об дар  ҳавзаи дарёҳо хизмат мерасонад;

– обхезӣ – офати табиӣ,  ки бар асари баланд  шудани сатҳи оби дарё,  кўл,  обанбор ва дигар  иншооти обӣ, ки дар натиҷаи он  масоҳати васеи маҳал зери об  монда, дучори осеб ё фалокат шуда метавонад. Ба обхезӣ обшавии барф, боришоти зиёди борон, рахнаи сарбанд ва дарғот, кўлҳое, ки аз фаромадани ярчу тарма ба вуҷуд омадаанд ва дигар ҳодисаҳои табиию иқлимӣ боис мешаванд; (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №572).

 – пешгирии обхезӣ – чорабиниҳое, ки пешакӣ андешида мешаванд ва барои кам кардани хатари рўй додани обхезӣ, таъмини амнияти аҳолӣ, кам намудани андозаи  зарар ба муҳити зист ва зиёни моддӣ дар мавриди обхезӣ равона карда шудаанд; (КҶТ аз 3.12.09с, №572).

 – бартараф намудани обхезӣ – корҳои наҷотдиҳӣ аз фалокат ва корҳои дигари  таъҷилӣ,  ки ҳангоми  рўй додани обхезӣ анҷом дода мешаванд, барои наҷот додани ҳаёт ва  ҳифзи саломатии аҳолӣ, кам кардани андозаи зарар ба муҳити зист ва талафоти моддӣ равона карда шудаанд; (К ҶТ аз 3.12.09с, №572).

– идоракунин хамгиронёнаи захирахои об – низоми идоракунй, ки бахисобгирй ва таъсири мутакобилаи захирахои об (обхои руизаминӣ, зеризаминй ва бозпасгашта) ва захирахои замин, инчунин захирахои дигари табиии ба онхо вобастаро дар худуди муайяни гидрографи ба асос гирифта, манфиати сохахо ва сатҳҳои гуногуни истифодабарии об ва захирахои табииро алокаманд месозад ва онхоро ба раванди кабули карор, банакшагирй, маблаггузорй, ҳифз ва рушди захирахои об ба манфиати рушди устувори ҷомеа ва хифзи мухити зист чалб менамояд;

  • иншиоти хочагии об – обанборхо, сарбандхо, каналхо, захбуру захкашхо, кубурхои об, чоххои об, чуйхо, иншооти гидротехники, садхои мухофизат аз об, новахо, кубурхои об бо коммуникатсияхо ва дигар чузъиёти инфрасохтори;
  • нақшаи хавзавии нстифодабарӣ ва хифзи захирахои об – накшаи рушд, истифодаи хамгироиёна ва хифзи захирахои об дар худуди гидрографии хавзаи асосии манбаи об;
  • шабакаи захбуру захкашхо – шабакаи бо хам пайвасти захбурхо ва захкашхои кушода ва пушила, иншооти гидротехники, чохҳои амудӣ ва инфрасохтори дигар, аз чумла хамаи қитъахои замине, ки барои таъмини нигохдорй, нстифодабарӣ ва таъмири шабакахои захбуру захкашхо чудо шудаанд;
  • ташкилоти хавзавии захирахои об – сохтори худудии макомоти ваколатдори давлатй оид ба танзими истифода ва хифзи захирахои об, ки барои идоракунии захирахои об дар худуди хавзаи асосй масъул мебошад;

–  шартнома оид ба обрасонӣ – санади хукукие, ки байни истифодабарандагони аввала ва баъдинаи об ва ташкилоти обрасон оид ба шартхои обрасонй ба мухлати муайян баста мешавад;

  • Шурой мнллин об – макоми машваратшо маслихатии назди Х,укумати Цумхурии Точикистон, ки фаъолияти вазорату идорахо ва макомоти дигари давлатй, инчунин ташкнлотхои гайрндавлатиро дар бобати банакшагирй, идоракунй, истифодабарй ва хифзи захирахои об хамоханг месозад;
  • Шӯрои хавзавии об – макоми машваратию маслихатии хавзавй, ки фаъолияти ташкилотхои давлатӣ ва гаӣридавлатиро дар бобати банакшагирӣ, истифодабарӣ ва хифзи захирахои оби хавзаи муайяни об хамоханг месозад; (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)

 – усулҳои  мубориза бо обхезӣ – маҷмўи чорабиниҳои огоҳонӣ ва рафъи фалокат, ки барои кам кардани таъсири зиёновари обхезӣ равона шудаанд. (КҶТ аз 3.12.09с, №572).

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …