Главная / Ҷамъият / Вазифаҳои қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Вазифаҳои қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Вазифаҳои қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 

  1. Вазифаҳои қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз инҳо иборатанд:

– муқаррар кардани тартиби барасмиятдарорӣ ва пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;

– ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

– ҳимояи манфиатҳои қонунии ҷамъият, давлат ва ташкилотҳо, ки аз ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зарар дидаанд;

– ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда;

– таъмини баррасии саривақтӣ ва дурусти парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби суд ва мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор);

– риояи меъёрҳои мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳангоми татбиқи қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;

– кафолати ҳимояи манфиатҳои қонунии иштирокчиёни  мурофиаи  ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ ва шахсони дигар;

– муқаррар кардани тартиби иҷрои қарорҳо оид ба татбиқи ҷазои маъмурӣ ва санадҳо оид ба татбиқи чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ.

  1. Мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, эҳтироми қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини баррасии одилонаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби суд ва мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) равона карда шудааст.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …