Главная / Ҷамъият / Мафҳумҳои асосӣ

Мафҳумҳои асосӣ

Моддаи 2-и қарори шаҳрсозӣ. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

шаҳрсозӣ – назарияву амалияи банақшагирӣ, сохтмони бино ва иншоот дар маҳалҳои аҳолинишин, ҳудудҳои байни маҳалҳои аҳолинишин, ки ба амалисозии маҷмӯи чорабиниҳои иҷтимоӣ, сохтмонию техникӣ, меъморию бадеӣ, санитарию беҳдоштӣ ва экологӣ равона шудаанд;

фаъолияти шаҳрсозӣ – фаъолияти мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи банақшагирии шаҳрсозии рушди ҳудудҳо, маҳалҳои аҳолинишин, муайян кардани намудҳои истифодаи қитъаҳои замин, истеҳсоли мавод ва маснуоти сохтмонӣ, корҳои ҷустуҷӯию муҳандисӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва таҷдиди биноҳо ва иншоот;

дастурҳои шаҳрсозӣмаҷмӯи қоидаҳои муқарраршудаи сохтмони бино ва иншоот дар маҳалҳои аҳолинишин ва ҳудудҳо, андоза ва намудҳои истифодаи қитъаҳои замин, бино ва иншооти дигари ғайриманқули маҳалҳои аҳолинишин ва ҳудудҳои байни маҳалҳои аҳолинишин ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ;

кадастри давлатии шаҳрсозӣ – низоми геоиттилоотӣ оид ба ҳисобдорӣ ва ҳифзи иттилооти шаҳрсозӣ, бақайдгирии тартиб ва маҳдудиятҳо, ки дар ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ бо мақсади бақайдгирӣ ва истифодаи минбаъдаи онҳо дар амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ, меъморӣ, сохтмонӣ ва заминсозӣ сабт шудаанд;

ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ – ҳуҷҷатҳои бо тартиби муқарраршуда тасдиқгардидаи банақшагирии шаҳрсозии рушди ҳудудҳо, маҳалҳои аҳолинишин, сохтмони биноҳо, сохтмон ва таҷдиди объекти мушаххас;

ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ – ҳуҷҷатҳое, ки маводро дар шакли матнӣ ва дар намуди харита (нақша) дар бар гирифта, хулосаҳои меъморӣ, функсионалию технологӣ, конструктивӣ ва муҳандисии техникиро барои таъмини сохтмони асосӣ, таҷдиди объектҳои сохтмонӣ, қисмҳои онҳо, таъмири асосӣ, агар ҳангоми гузаронидани он ба хусусиятҳои конструктивӣ, дигар хусусиятҳои боэътимодӣ ва амниятии объекти сохтмони асосӣ таъсир расонида шавад, муайян менамоянд;

минтақабандӣ – тақсими ҳудуд бо таъиноти функсионалӣ ҳангоми банақшагирии шаҳрсозии рушди ҳудуд бо муайян кардани намудҳои истифодаи шаҳрсозӣ ва маҳдудсозӣ барои истифодаи онҳо;

минтақаи функсионалӣ – қисми ҳудуди маҳалли аҳолинишин, ки дар асоси баҳодиҳии воқеии истифодаи амалӣ ва пешгӯии рушди оянда дар лоиҳаҳои шаҳрсозӣ барои ҳар як намуди фаъолият, тартиб ва маҳдудиятҳои дар фаъолияти шаҳрсозӣ татбиқшаванда муқаррар карда шуда, баъдан дар кадастри шаҳрсозии ҳудуд қайд карда мешавад;

маҳалли аҳолинишин ҳудуди муайяни ҷои зисти одамон, ки дар он равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сохтори иҷтимоию демографии аҳолӣ ташаккул меёбанд;

ҳудудҳои байни маҳалҳои аҳолинишинобъекти фаъолияти шаҳрсозӣ, ки берун аз сарҳади маҳалҳои аҳолинишин дар байни ду ё зиёда маҳалли аҳолинишин ҷойгир мебошад;

тарҳи соҳавии рушди ҳудуд ҳуҷҷатҳои шаҳрсозие, ки самтҳои асосии рушди инфрасохтори муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоии соҳаҳои иқтисодиро дар ҳудуди дахлдор муайян менамоянд;

тарҳи банақшагирии ҳудуд ҳуҷҷатҳои шаҳрсозие, ки минтақабандии ҳудуд, самтҳои асосии низоми амалисозии ҷойгиркунонӣ, рушди маҳалҳои аҳолинишин, саноат, кишоварзӣ, инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоии дорои аҳамияти байниминтақавӣ, минтақавӣ ва байни маҳалҳои аҳолинишини ҳудуди дахлдорро муайян менамоянд;

нақшаи генералӣ ҳуҷҷати муайянкунандаи самтҳои стратегии рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳудудии маҳалли аҳолинишин ё ҳудуди муайян, ки ҳуҷҷати асосии шаҳрсозӣ ба ҳисоб рафта, барои ҳудудҳои шаҳрҳо, дигар маҳалҳои аҳолинишин, қисмҳои алоҳидаи ноҳияҳои маъмурӣ ва ғайраҳо таҳия карда мешавад;

нақшаи генералии маҳалли аҳолинишин ҳуҷҷати асосии шаҳрсозӣ ва муайянкунандаи самтҳои асосии стратегии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳудудии маҳалҳои аҳолинишин ё ҳудуди муайян, ки барои ҳудудҳои шаҳрҳо, дигар маҳалҳои аҳолинишин, қисмҳои алоҳидаи ноҳияҳои маъмурӣ ва ғайраҳо таҳия карда мешавад;

тарҳи генералии ҷойгиркунонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, ки мақсади асосӣ ва роҳҳои рушди низомҳои ҷойгиркунонӣ, истифодаи табиат, рушди иҷтимоию иқтисодии ҳудуд, инфрасохтори муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоии аҳамияти умумидавлатидоштаро муайян менамоянд;

системаи ҷойгиркунонӣ самтҳои асосии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, ки ботартиб ҷойгиркунонии аҳолиро дар ҳудуди дахлдор бо роҳи рушди маҳалҳои мавҷуда ва бунёди маҳалҳои нави аҳолинишин муайян мекунанд;

инфрасохтори муҳандисӣ маҷмӯи коммуникатсионии (системавии) объектҳо ва иншоот, ки ба аҳолӣ расонидани захираҳои ҳаётан муҳим (энергия, алоқа, об ва ғайраҳо)-ро таъмин менамоянд;

инфрасохтори нақлиётӣ маҷмӯи системаҳои коммуникатсионӣ ва иншооти нақлиёти шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ, инчунин нуқтаҳои фаъолияти онҳо, ки барои таъмини хизматрасонӣ ба аҳолӣ, интиқоли борҳо ва одамон дар ҳудуди шаҳр ва минтақаҳои наздишаҳрӣ зарур мебошанд;

хати сурх сарҳаде, ки мутобиқи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ барои аз ҳам ҷудо кардани ҳудуди биноҳо, маҳаллаҳо ва дигар унсурҳои сохтори банақшагирӣ аз кӯчаҳо, майдонҳо ва хиёбонҳои маҳалҳои аҳолинишин пешбинӣ шудаанд;

хатҳои танзими сохтмонӣ сарҳадҳои сохтмонӣ, ки ҳангоми ҷойгиркунии бино ва иншоот бо фосила аз хатҳои сурх ё аз сарҳади қитъаи замин бо ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ муқаррар карда мешаванд;

хатҳои сарҳади шаҳрӣ ва шаҳрак ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, ки сарҳади берунаи заминҳои маҳалли аҳолинишини аз категорияи дигари фонди замин ҷудошавандаро муқаррар мекунанд;

бино объекти фаъолияти шаҳрсозӣ ва низоми сохтмоние, ки аз конструксияҳои борбардор, панҷарагирӣ ё якҷояшуда иборат буда, ҳаҷми сарбастаро ба вуҷуд меоранд ва вобаста ба таъиноти вазифавӣ барои зист ва будубоши одамон, иҷрои намудҳои гуногуни равандҳои истеҳсолӣ таъин гардидаанд;

иншоот объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ, низоми ҳаҷмӣ, сатҳӣ ё хаттии сохтмонӣ, ки аз конструксияҳои борбардор, панҷарагирӣ ё якҷояшуда таркиб ёфта, барои иҷрои намудҳои гуногуни равандҳои истеҳсолӣ, нигоҳдории мавод, маснуот, таҷҳизот, инчунин барои будубоши муваққатии одамон, аз як ҷой ба ҷойи дигар гузаронидани одамон, бор ва ғайра таъин гардидаанд;

иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ таъмир, таҷдид, бунёди бино ва сохтмони объект;

таъмир маҷмӯи корҳои сохтмонӣ ва чорабиниҳои ташкилию техникӣ оид ба бартараф намудани фарсудашавии ҷисмонию маънавии бино ва иншоот, ки ба тағйир додани нишондодҳои асосии техникию иқтисодии онҳо вобастагӣ надоранд;

сохтмони асосӣ маҷмӯи корҳои сохтмонию васлгарӣ ва чорабиниҳои ташкилию техникӣ оид ба барқарор намудани бино ва иншоот, конструксияҳо ва системаи таҷҳизоти муҳандисӣ, инчунин нигоҳдории нишондодҳо вобаста ба истифодаи онҳо;

таҷдид маҷмӯи корҳои сохтмонӣ ва чорабиниҳои ташкилию техникӣ вобаста ба тағйир додани нишондодҳои асосии техникию иқтисодии ҳаҷм (шумора, масоҳат ва ё дигар нишондодҳо) – и бино ва иншоот ва ё таъиноти онҳо бо мақсади беҳтар намудани шароити зиндагӣ, сифати хизматрасонӣ ва зиёд намудани андозаи хизматрасонӣ дар онҳо;

фармоишгармаблағгузор ё шахси ваколатдори ӯ, ки барои татбиқи маблағгузории лоиҳавӣ ё иҷрои дигар корҳои пудратии сохтмонӣ пудратчиро дар асоси шартнома ба иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ ҷалб менамояд;

комиссияи давлатии қабул мақоми машваратие, ки санҷиши умумии омодагии бино, иншоот (комплекс), озмоиши назоратии таҷҳизоти техникӣ ва системаи муҳандисии қабули объекти сохташударо барои ба истифода додан анҷом медиҳад;

комиссияи корӣ мақоми муваққатии машваратие, ки натиҷаҳои санҷиши умумии омодагии объектро ба комиссияи давлатии қабул пешниҳод мекунад;

экспертизаи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ арзёбии мутобиқати лоиҳаи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ба талаботи регламентҳои техникӣ, аз ҷумла ба талаботи санитарию эпидемиологӣ, экологӣ, ҳифзи давлатии бино ва иншооти таърихию фарҳангӣ, бехатарӣ аз сӯхтор, бехатарии саноатӣ, ядроӣ, радиатсионӣ ва натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои муҳандисӣ;

сервитут маҳдудияти (гаронии) ҳуқуқи истифодаи молу мулки шахси дигар ё қисман маҳдуд кардани ҳуқуқи соҳибмулк дар муносибатҳои муайяни тибқи қонун муқарраршуда.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …