Главная / Ҷамъият / Вақти анҷом додани амалиёти андозбандишаванда

Вақти анҷом додани амалиёти андозбандишаванда

Моддаи 199-и Кодекси Андоз. Вақти анҷом додани амалиёти андозбандишаванда

  1. Вақти (санаи) анҷом додани амалиёти андозбандишаванда нисбат ба молҳои зераксизии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва (ё) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда вақти (санаи) таҳвили (додани) молҳои зераксизӣ мебошад, аз ҷумла:

-вақти (санаи) баровардани (таҳвили, фурўши) молҳо берун аз корхона (макони истеҳсолот);

-вақти (санаи) ба пудратчӣ (коркардкунанда) додани молҳои барои коркард додашаванда, ки молҳои зераксизӣ мебошанд;

-вақти (санаи) ба фармоишгар (шахси муайяннамудаи фармоишгар) додани молҳои зераксизӣ барои коркард ё молҳои аз ашёи хоми барои коркард додашудаи молҳои зераксизӣ истеҳсолшуда;

-вақти (санаи) додани молҳои зераксизӣ ҳангоми истифодаи онҳо барои эҳтиёҷоти истеҳсолии худӣ;

-вақти (санаи)  тартиб додани санад дар хусуси аз ҳисоб баровардани маҳсулоти зераксизии вайроншуда ё вақти (санаи) қабули қарор оид ба истифодаи минбаъдаи он дар раванди истеҳсолот дар ҳолати вайроншавии молҳои зераксизӣ;

-вақти (санаи) гумшавии маҳсулоти зераксизӣ ҳангоми гумшавии маҳсулоти зераксизӣ;

-вақти (санаи) ба фонди оинномавӣ (сармоявӣ) дохил кардани молҳои зераксизии субъекти соҳибкорӣ;

-вақти (санаи) додани (боркунии) молҳои зераксизӣ ҳангоми пардохти аслӣ (натуралӣ);

-вақти (санаи) фурўши молҳои зераксизии мусодирашуда, бесоҳиб, тибқи ҳуқуқи мерос ба давлат гузашташуда ва ройгон ба моликияти давлат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридашуда, агар аз рўи молҳои нишондодашуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан аксиз пардохт нашуда бошад;

-вақти (санаи) фурўши миқдори озмунии молҳои зераксизӣ, агар аз рўи молҳои зикргардида дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аксиз пардохт нашуда бошад;

-вақти (санаи) ҷамъкунии (комплекткунии) молҳои зераксизие, ки дар сархати панҷуми қисми 1 моддаи 197 Кодекси мазкур муайяншуда;

-вақти (санаи) амалӣ намудани воридот мутобиқи қонунгузории гумрук.

  1. Нисбат ба намудҳои фаъолияти зераксизӣ-хизматрасониҳои алоҳидаи алоқаи барқии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдодашаванда вақти (санаи) анҷом додани амалиёти андозбандишаванда вақти (санаи) муайяннамудаи қисми 5 моддаи 174 Кодекси мазкур ба ҳисоб меравад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …