Главная / Ҷамъият / Манбаи андоз

Манбаи андоз

Моддаи 198-и Кодекси Андоз. Манбаи андоз

  1. Манбаи андоз оид ба андози аксиз нисбат ба моли андозбандишаванда инҳо мебошанд:

-ҳаҷми воқеии молҳои зераксизӣ;

-маблағи амалиёти андозбандишавандаи дар асоси нархи фурўши чаканаи молҳои зераксизӣ муайяншаванда, бо тарҳи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо;

-маблағи амалиёти андозбандишавандаи ба арзишигумрукӣ ё нишондиҳандаи ҳаҷми воқеии моли зераксизӣ асосёфта, ки мутобиқи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо, муайян карда мешавад;

– маблағи амалиёти андозбандишавандае, ки дар асоси нархи чаканаи мол бо тарҳи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо – ҳангоми аз ҷониби молистеҳсолкунандаи молҳои зераксизӣ ба сифати пардохт дар шакли аслӣ (натуралӣ), тўҳфа додани молҳои зераксизӣ, ҳангоми ба моликияти гаравгиранда додани молҳои багаравмондашуда ё амалиёти мубодила, инчунин дар асоси ройгон додани молҳои зераксизӣ.

  1. Нархҳои мутобиқи сархатҳои дуюм ва чорумиқисми 1 ҳамин модда барои ҳисоб намудани ўҳдадориҳои андозӣ оид ба аксизҳо муайяншаванда аз нархҳои чаканаи амалкунанда паст буда наметавонанд.
  2. Дар ҳолате ки мутбиқи муқаррароти қисми 1 моддаи 200 Кодекси мазкур барои намудҳои гуногуни спирт, нўшокиҳои беспирт ва спиртдор меъёрҳои гуногуни аксиз муқаррар шавад, манбаи андоз бароиамалиётҳои бо меъёрҳои гуногун андозбандишаванда алоҳида муайян карда мешавад.
  3. Нархи бастаҳо, ба ғайр аз бастаҳои баргардондашаванда, ҳангоми муайян намудани маблағи амалиёти андозбандишаванда ба инобат гирифта мешавад.
  4. Муқаррароти қисмҳои 1-3 ҳамин модда, новобаста ба он ки мол аз ашёи хоми шахсӣ ё аз ашёи хоми барои коркард додашуда истеҳсол шудааст, татбиқ карда мешаванд.
  5. Манбаи андоз барои андозсупорандагоне, ки намудҳои алоҳидаи хизматрасониҳоро дар соҳаи алоқаи барқӣ анҷом медиҳанд, маблағи подошпулии барои анҷом додани хизматрасониҳои пешбинигардида гирифташуда (гирифташаванда) бо тарҳи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо мебошад.
  6. Ҳангоми вайрон, гум шудани молҳои зераксизии истеҳсолшуда ва (ё) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда аксиз дар ҳаҷми пурра аз миқдори молҳои зераксизии вайроншуда ва (ё) гумшуда пардохт мешавад, ба истиснои мавридҳои дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулоддаи мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи сархати дуюмиқисми 1 моддаи 184 Кодекси мазкур тасдиқшуда ба миён омадаанд.Ҳамзамон,нисбат ба молҳои зераксизии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда муқаррароти мазкур дар он ҳолат татбиқ мешаванд, ки андозсупоранда имконияти супоридани аксизро барои молҳои зераксизии амалан воридшуда бевосита дар лаҳзаи воридшавии онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти талаботи моддаи 363 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон надошта, нисбат ба молҳои зераксизии воридшуда расмиёт ва (ё) низомҳои пешбиникунандаи насупоридани пардохтҳои гумрукиро истифода бурда, вайрон, гум шудани молҳои зераксизии воридшуда дар давраи таҳти амали расмиёт ва низомҳои зикршуда қарор доштанашон рух дода бошад.
  7. Барои мақсадҳои ҳамин модда таҳти мафҳуми вайрон, гум шудани маҳсулоти зераксизӣ ҳодисаҳои дар қисми 2 моддаи 184 Кодекси мазкурпешбинигардида фаҳмида мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …