Главная / Ҷамъият / Номгўи молҳои зераксизӣ ва намудҳои фаъолияти зераксизӣ

Номгўи молҳои зераксизӣ ва намудҳои фаъолияти зераксизӣ

Моддаи 197-и Кодекси Андоз. Номгўи молҳои зераксизӣ ва намудҳои фаъолияти зераксизӣ

  1. Молҳои зераксизӣ инҳо мебошанд:

– ҳамаи намудҳои спирт, нўшокиҳои беспирт ва спиртдор;

-тамокуи коркардшуда, маҳсулоти саноатии ивазкунандаи тамоку ва маҳсулоти тамоку;

-сўзишвории минералӣ, ҳама намудҳои нафти хом ва маҳсулоти коркарди он, моддаҳои битуминозӣ, мумҳои минералӣ, гази моеъ;

-шина ва покришкаҳои пневматикии резинии нав, шина ва покришкаҳои пневматикии резинии барқароршуда ё пештар истифодашуда; шина ва покришкаҳои яклухт ё нимпневматикӣ, протекторҳои шинагӣ ва тасмаҳои ҳошиядори резинӣ;

-автомобилҳои сабукрав ва ҳама гуна воситаҳои нақлиёти муҳаррикдоре, ки барои кашонидани одамон пешбинӣ шудаанд;

-маҳсулоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин қисмҳои онҳо аз металлҳои қиматбаҳо ва (ё) бо металлҳои қиматбаҳо рўйпўшкардашуда.

  1. Намудҳои фаъолияти зераксизӣ инҳо мебошанд:

-хизматрасонии алоқаи сайёри истифодаи умуми ҳамаи стандартҳо (хизматрасонии алоқаи кандуии мобилӣ);

-хизматрасонӣ оид ба интиқоли маълумот (аз ҷумла алоқаи телеграфӣ ва IP-телефонӣ), аз ҷумла тавассути шабакаҳои операторон;

-хизматрасонии хадамоти телематикӣ;

– хизматрасонии алоқаҳои телефонии байналмилалӣ (байнишаҳрӣ) тавассути шабакаҳои операторҳо.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …