Главная / Ҷамъият / Объекти андозбандӣ

Объекти андозбандӣ

Моддаи 196-и Кодекси Андоз. Объекти андозбандӣ

Объекти андозбандӣ амалиёти андозбандишаванда бо молҳои зераксизӣ ва намудҳои фаъолияти зераксизии зерин мебошанд:

1) Аз ҳудуди корхона (макони истеҳсолот) берун баровардани молҳои зераксизие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол шудаанд, аз ҷумла:

а) таҳвили молҳои зераксизӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки андози аксиз барои ин молҳо пешакӣ пардохт шудааст;

б) супоридани молҳои зераксизӣ барои коркард дар асоси ашёи фармоишгар ба дигар шахс;

в) таҳвили (супоридани) молҳои зераксизие, ки маҳсули коркард аз ашёи хом ва (ё) маводи барои коркард додашуда, аз ҷумла ашёи хом ва (ё) маводи зераксизии барои коркард додашуда мебошад;

г) ба фонди (сармояи) оинномавии субъекти соҳибкорӣ дохил намудани молҳои зераксизӣ;

д) истифодаи молҳои зераксизӣ ҳангоми ҳисоббаробаркунии молӣ ва ҳангоми пардохт дар шакли аслӣ (натуралӣ);

е) фиристодани молҳои зераксизӣ аз ҷониби истеҳсолкунанда ба воҳидҳои алоҳидаихуд;

ж) фурўши миқдори озмунии молҳои зераксизӣ ҳангоми гузаронидани расмиёти муфлисшавии андозсупоранда, агар аз рўи молҳои мазкурдар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аксиз пардохт нашуда бошад.

2) Воридоти молҳои зераксизӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории гумрукӣ.

3) Фурўши молҳои зераксизии мусодирашуда, бесоҳиб, тибқи ҳуқуқи мерос ба давлат гузашта ва ройгон ба моликияти давлат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридашуда, агар аз рўи молҳои зикргардида дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан аксиз пардохт нашуда бошад.

4) Истифодаи молҳои зераксизӣ барои эҳтиёҷоти истеҳсолии худ ва (ё) барои истеҳсоли молҳои дигари зераксизӣ.

5) Ҷамъкунии (комплекткунии) молҳои зераксизии дар сархати панҷуми қисми 1 моддаи 197 Кодекси мазкур муайяншуда ва бегонакунии онҳо.

6) Вайроншавӣ, нобудшавии молҳои зераксизӣ.

7) Расонидани намудҳои алоҳидаи хизмат дар соҳаи алоқаи барқӣ(новобаста ба намуд ва шакли дар иҷозатномаҳо барои хизматрасонии алоқаи барқӣ қайдгардида), ки дар қисми 2 моддаи 197 Кодекси мазкур  муайян шудаанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …