Моддаи 195-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мазмуни таъинот ё қарор
- Қароре, ки ҳангоми баррасии парванда Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе ё таъиноте, ки коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи назоратӣ баровардаанд, бояд ба талаботи Кодекси мазкур мувофиқ бошанд.
- Таъинотро ҳамаи ҳайати суд, қарорро раисикунандаи маҷлиси Раёсат имзо мекунанд.
- Таъинот ё қарори суд якҷоя бо эътироз ё шикоят ба парванда ҳамроҳ карда мешавад.