Главная / Ҷамъият / Ҳадди ҳуқуқҳои суди марҳилаи назоратӣ

Ҳадди ҳуқуқҳои суди марҳилаи назоратӣ

Моддаи 193-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ҳадди ҳуқуқҳои суди марҳилаи назоратӣ

  1. Ҳангоми ба тариқи назоратӣ баррасӣ кардани парванда амали суд бо ваҷҳҳои эътироз ё шикоят маҳдуд карда намешавад ва суд вазифадор аст, ки ҳамаи маводи парвандаро дар ҳаҷми пуррааш санҷад.
  2. Суд дар вақти ба тариқи назоратӣ баррасӣ кардани парванда метавонад ҷазоеро, ки нисбати шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда таъин карда шудааст, сабуктар намояд ё қонун оид ба ҳуқуқвайронкунии сабуктарро татбиқ намояд, масъалаҳои дигари вобаста ба тағйир додани санадҳои судиро ҳал кунад, аммо ҳуқуқ надорад, ки ҷазоро вазнин кунад ё  қонун оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурии вазнинтарро татбиқ намояд.
  3. Агар суди марҳилаи назоратӣ эътироф намояд, ки дар суди марҳилаи якум ё суди марҳилаи кассатсионӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нодуруст қатъ карда шудааст, ҳамчунин ҷазои дар ҳаққи шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда таъиншуда бо сабаби сабукиаш ба кирдори содиршуда номувофиқ аст, дар он сурат ҳуқуқ дорад қарор ё таъинотро бекор кунад ва парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро барои баррасии нави судӣ мувофиқан ба суди марҳилаи якум ё кассатсионӣ равон кунад.
  4. Агар ба беасос қатъ кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё ғайриқонунӣ сабук кардани ҷазои шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содиркарда дар вақти ба тариқи назоратӣ баррасӣ кардани парванда роҳ дода шуда бошад, марҳилаи болоии назоратӣ ҳуқуқ дорад, таъинот ё қарори марҳилаи поёнии назоратиро бекор кунад ва қарорҳои суди марҳилаи якум ё таъиноти марҳилаи кассатсиониро бетағйир мононад. 
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …