Моддаи 193-и Кодекси Андоз. Баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин аъзои ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд
- Баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудае, ки номгўи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, инчунин аъзои ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд (минбаъд дар ҳамин модда – намояндагиҳо), ба шарте амалӣ мегардад, ки агар чунин баргардонидан дар асоси дутарафа (мутақобила)санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣпешбинӣ карда бошанд,ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад.
- Андоз аз арзиши иловашуда, ки намояндагиҳо ба таҳвилкунандагони молҳои (корҳо, хизматрасониҳои) барои истифодаи расмии ин намояндагиҳо, инчунин истифодаи шахсии аъзои ҳайати кормандони дипломатӣ, маъмурию техникӣ ва хизматрасони онҳо, аз ҷумла аъзои оилаи бо онҳо истиқоматдошта пешбинигардидапардохтанд, дар сурате, ки чунин баргардонӣ дар санади ҳуқуқии байналмилалӣ муқаррар шуда бошад, баргардонида мешавад.
- Баргардонидани маблағи андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳо тибқи хулосаи раёсатҳои андоз дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, дар асоси ведомостҳои (феҳристҳои) ҷамъбастие, ки аз ҷониби ин намояндагиҳо тартиб дода мешаванд ва нусхаи ҳуҷҷатҳоитасдиқшуда (ҳисобнома-фактураҳо, чекҳо ва ғ.), ки далели супоридани андоз аз арзиши иловашуда мебошанд, амалӣ карда мешавад.
- Ведомостҳои (феҳристҳои) ҷамъбастӣ дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ тайёр карда шуда, аз ҷониби намояндагиҳо ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқи мубодилаи ёддоштҳо оид ба риоя намудани принсипи мутақобила ҳангоми пешниҳоди имтиёзҳо оид ба андозҳои ғайримустақим (андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз) мувофиқи муқаррароти санади ҳуқуқии байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд. Баъди тасдиқ шудан ведомостҳои (феҳристҳои) ҷамъбастӣ ба мақоми андозе, ки мақоми ваколатдори давлатӣ барои баргардонидани маблағҳо муайян менамояд, пешниҳод карда мешаванд.
- Агар дар ҳуҷҷатҳои ба ведомостҳои (феҳристҳои) ҷамъбастӣ замимашаванда маблағи андоз аз арзиши иловашуда дар сатри алоҳида ҷудо нашуда бошад, ҳуқуқ барои гирифтани маблағи баргардонидаи андоз аз арзиши иловашуда танҳо ҳангоми аз ҷониби таҳвилгари молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) тасдиқ намудани дохилшавии андоз аз арзиши иловашуда ба ҳисобнома-фактура имконпазир аст.
- Маблағи андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳо аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси хулосаи мақомоти андози дахлдор дар давоми 30 рўзи тақвимии баъди ведомостҳои ҷамъбастиро (феҳристҳоро) аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани мақоми ваколатдори давлатӣ баргардонида мешавад.Маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд аз буҷет баргардонида шавад, ба суратҳисобҳои дахлдори намояндагиҳо гузаронида мешавад.
- Тартиби баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳо бо дарназардошти муқаррароти ҳамин модда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.