Главная / Ҷамъият / Аз андоз аз арзиши иловашуда озод кардани таҳвили молҳо

Аз андоз аз арзиши иловашуда озод кардани таҳвили молҳо

Моддаи 192-и Кодекси Андоз. Аз андоз аз арзиши иловашуда озод кардани таҳвили молҳои (корҳо, хизматрасониҳои) аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои қарзӣ(грантӣ) оид ба маблағгузории (татбиқи) лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон харидашаванда

  1. Аз андоз аз арзиши иловашуда озод кардани таҳвили молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) аз ҳисоби созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) оид ба маблағгузории (татбиқи) лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд дар ин модда – созишномаҳо) харидашаванда дар асоси аризаи грантгиранда (қарзгиранда) ё шахси ваколатдори он ба унвонитаҳвилкунандаи молҳо (кор, хизматрасониҳо) сурат мегирад, агар дар як вақт шартҳои зерин риоя гарданд:

-таҳвили молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) аз ҳисоби маблағҳои  созишномаҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул донисташуда амалӣ гардида бошад;

-молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) танҳо бо мақсадҳои дар созишномаҳои мазкур муқарраргардида харида шаванд;

-таҳвили молҳо  (корҳо, хизматрасониҳо) мутобиқи шартномае (қарордоде)амалӣ гардида бошад, ки бевосита бо грантгиранда (қарзгиранда) ё шахси ваколатдоркардаи он  ҷиҳати татбиқи лоиҳа баимзо расонидашуда бошад.

  1. Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани таҳвили молҳои (иҷрои корҳои, хизматрасониҳои) аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳо маблағгузоришавандааз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …