Главная / Ҷамъият / Таъинот ва қарори суде, ки эътироз ё шикоятро баррасӣ менамояд

Таъинот ва қарори суде, ки эътироз ё шикоятро баррасӣ менамояд

Моддаи 191-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Таъинот ва қарори суде, ки эътироз ё шикоятро баррасӣ менамояд

  1. Дар натиҷаи ба тариқи назоратӣ баррасӣ кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, суд метавонад:

– эътироз ё шикоятро рад намояд;

– таъинот ва қарорҳои баровардашударо бекор кунад ва пешбурди парвандаро қатъ намояд ё онро ба санҷиши нав, тафтиши маъмурии нав, ё ки барои баррасии нави судӣ равон кунад;

– таъиноти кассатсионӣ, инчунин таъинот ва қарорҳои минбаъдаи судро бекор кунад ва парвандаро ба баррасии нави кассатсионӣ равон кунад;

– таъинот ва қарорҳоеро, ки ба тариқи назоратӣ бароварда шудаанд, бекор кунад, қарори суд ва таъиноти кассатсиониро бетағйир мононад, ё ин ки тағйир диҳад;

– ба таъинот ё қарори суд тағйирот дохил кунад.

  1. Агар ҳангоми баррасии судии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ риоя накардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, инчунин риоя нашудани муқаррароти қонун ҷиҳати пешбурд ва баррасии судии парванда ошкор карда шаванд, суд, судя ҳуқуқ доранд нисбат ба онҳое, ки ба камбудӣ роҳ додаанд, таъиноти (қарори) хусусӣ бароранд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …