Главная / Ҷамъият / Амалиёт бо буҷет

Амалиёт бо буҷет

Моддаи 191-и Кодекси Андоз. Амалиёт бо буҷет дар ҳолати зиёд будани маблағи андози баҳисобгирифташаванда нисбат ба маблағи андозе, ки барои давраи ҳисоботӣ ҳисоб карда шудааст

  1. Нисбат ба андозсупорандае, ки на камтар аз 70 фоизи муомилоти андозбандишавандааш дар давраи ҳисоботии андоз бояд аз рўи меъёри сифр андозбандӣ шавад, барзиёдии маблағи андози баҳисобгирифташаванда нисбат ба маблағи ҳисобкардашуда дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мақомоти молия якҷоя бо мақомоти андоз дар давоми 30 рўзи тақвимӣ аз лаҳзаи аз ҷониби мақомоти андоз гирифтани аризаи андозсупоранда дар бораи баргардонидани маблағи зиёдатӣ, ки супорандаи андоз аз арзиши иловашуда дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод кардааст, аз буҷети дахлдор баргардонда мешавад.
  2. Маблағи зиёдатии андози баҳисобгирифташуда нисбат ба маблағи ҳисобкардашудаи андоз дар давраи ҳисоботӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин баргардонида мешавад:

-эъломияи андоз аз арзиши иловашуда барои давраи андоз, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда пешниҳод шудааст;

-ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқи моддаи 173 Кодекси мазкур барои тасдиқ намудани содироти молҳо лозиманд;

-хулосаи мақомоти андоз, ки аз рўи санади санҷиши мавзўии андози гузаронидашуда дар хусуси тасдиқи ҳаққонӣ будани маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки барои баргардонидан пешниҳод мегардад, тартиб дода шудааст.

  1. Андоз аз арзиши иловашуда бо роҳи пай дар пай иҷро намудани амалҳои зерин баргардонида мешавад:

-ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда ба ҳисоби пардохти қарзи андози ҷойдоштаи ин супорандаи андоз аз арзиши иловашуда аз рўи дигар андозҳо, аз ҷумла қарзи андоз аз арзиши иловашуда барои давраҳои пешинаи андоз;

-баҳисобгирӣ ба  ҳисоби андоз аз арзиши иловашудае, ки бояд ҳангоми воридоти молҳо супорида шавад;

-ба суратҳисоби бонкии супорандаи андоз аз арзиши иловашуда гузарондани пулҳое, ки баъди иҷрои амалҳои пешбиникардаи сархатҳои якум ва дуюми ҳамин қисм боқӣ мондаанд.

  1. Нисбат ба дигар андозсупорандагоне, ки бо қисми 1 ҳамин модда фаро гирифта нашудаанд, маблағи зиёдатии андози баҳисобгирифташуда, нисбат ба маблағи андози барои давраи ҳисоботӣ ҳисобшуда ба 3 давраи минбаъдаи андоз гузаронида мешавад ва ба ҳисоби ўҳдадориҳои оид ба андоз барои ин давраҳо, инчунин ба ҳисоби пардохти қарздории супорандаи андоз аз арзиши иловашуда аз рўи дигар андозҳо, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда барои давраҳои пешинаи андоз гузаронида мешавад. Ҳама гуна бақияи зиёдатӣ дар давоми 30 рўзи баъди гузаштани ин 3 давраи андоз аз буҷет баргардонида мешавад.
  2. Дар ҳама ҳолатҳо, агар аз ҷониби мақомоти андоз ошкор шавад, ки маблағҳои муайян ба андозсупоранда иштибоҳан баргардонда шудаанд, мақомоти андоз метавонад талаб намояд, ки чунин маблағҳо мувофиқи тартиби барои ҷамъоварии андозҳо муқарраршуда баргардонида шаванд.
  3. Тартиби баргардонидани маблағи зиёдатии андози баҳисобгирифташаванда нисбат ба маблағи ҳисобшудаи андоз дар давраи ҳисоботӣ бо дарназардошти муқаррароти ҳамин модда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …