Главная / Ҷамъият / Ваколатҳои мақоми давлатии назорати меъморӣ ва шаҳрсозӣ

Ваколатҳои мақоми давлатии назорати меъморӣ ва шаҳрсозӣ

Моддаи 19-и  Қарори шаҳрсозӣ. Ваколатҳои мақоми давлатии назорати меъморӣ ва шаҳрсозӣ

Мақоми давлатии назорати меъморӣ ва шаҳрсозӣ:
– назорати давлатии шаҳрсозиро амалӣ месозад;
– ба риоя гардидани талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникӣ, сифат ва иҷрои технологияи корҳои сохтмонӣ, маводи сохтмонӣ ва маснуот аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, назорат мебарад;
– кор ва фаъолияти фармоишгаронро оид ба амалӣ намудани назорати техникӣ месанҷад ва бо тартиби муқарраргардида оид ба андешидани чораҳо нисбат ба онҳо дар ҳолатҳои бурдани назорати техникии бесифат пешниҳод манзур менамояд;
– истеҳсол, фурӯш ва истифодаи маводи сохтмонӣ ва маснуот, иҷрои минбаъдаи корҳои сохтмонию васлгариро ҳангоми ошкор намудани риоя накардани регламентҳои техникӣ, шартҳои техникӣ, талаботи меъёрӣ ва қарорҳои лоиҳавии тасдиқгардида, ки боиси паст шудани хусусияти пойдорӣ ва устувории объектҳои мегардад, инчунин дар ҳолатҳои таҳдид намудани садама ба бино ва иншооти худсарона сохташударо ба мӯҳлати на беш аз даҳ рӯзи корӣ бозмедорад;
– парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи шаҳрсозиро баррасӣ менамояд ва мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо меандешад;
– дар кори комиссия оид ба қабул ва ба истифода додани объектҳои сохтмонашон баитмомрасида иштирок ва риоя гардидани қоидаҳои қабули иншоотро барои истифода назорат менамояд;
– мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро амалӣ менамояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …