Главная / Ҷамъият / Талаб карда гирифтани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Талаб карда гирифтани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

Моддаи 189-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Талаб карда гирифтани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ

  1. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон ва муовинони онҳо метавонанд парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро, ки санади судии аз рӯи он қабулшуда эътибори қонунӣ пайдо кардааст, бо мақсади омӯзиши қонунӣ ва асоснок будани ин санадҳо ё баррасӣ кардани масъалаи пешниҳоди эътирози назоратӣ аз суди дахлдор талаб намоянд.
  2. Прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда аз судҳои шаҳру ноҳияҳо ҳуқуқи талаб карда гирифтани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро доранд ва дар мавридҳои зарурӣ ба прокурори болоӣ дар хусуси ба таври назоратӣ овардани эътироз пешниҳод ирсол менамоянд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …