Главная / Ҷамъият / Пешниҳоди эъломияҳо ва пардохти андоз аз арзиши иловашуда

Пешниҳоди эъломияҳо ва пардохти андоз аз арзиши иловашуда

Моддаи 189-и Кодекси Андоз. Пешниҳоди эъломияҳо ва пардохти андоз аз арзиши иловашуда

  1. Ҳар як андозсупоранда ўҳдадор аст:

-ба мақомотиандози дахлдор дар бораи андоз аз арзиши иловашуда барои ҳар як давраи ҳисоботӣ эъломия пешниҳод намояд;

-ба мақомоти андози дахлдор то 15-уми апрел эъломияи иловагӣ (тасҳеҳшуда) оид ба фаъолият дар соли гузашта бо нишон додани хароҷот ва бақияи ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо пешниҳод кунад;

-барои ҳар як давраи ҳисоботӣ дар мўҳлати на дертар аз мўҳлати барои пешниҳод намудани эъломияи андоз аз арзиши иловашуда муқарраргардида ба буҷет андозро пардохт намояд.

  1. Агар дар ҳамин фасл тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, эъломияи андоз аз арзиши иловашуда барои ҳар як давраи ҳисоботӣ на дертар аз рўзи 15-уми моҳи баъд аз давраи ҳисоботӣ пешниҳод карда мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1367)
  2. Қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модданисбат ба шахсе, ки танҳо ҳангоми воридоти молҳо андозсупоранда мебошад, татбиқ намегарданд.
  3. Агар Кодекси мазкур тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, андоз аз арзиши иловашударо оид ба воридоти андозбандишаванда мақомоти гумрук мутобиқи Кодекси мазкур ва қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб мекунанд ва меситонанд.
  4. Дастурамал оид ба ҳисоб ва пардохти андоз аз арзиши иловашуда, инчунин шаклҳои эъломияҳо (ҳисобҳо) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …