Главная / Ҷамъият / Тартиб додани ҳисобнома-фактураҳои иловагӣ ҳангоми тасҳеҳи муомилоти андоз бандишаванда

Тартиб додани ҳисобнома-фактураҳои иловагӣ ҳангоми тасҳеҳи муомилоти андоз бандишаванда

Моддаи 187-и Кодекси Андоз. Тартиб додани ҳисобнома-фактураҳои иловагӣ ҳангоми тасҳеҳи муомилоти андоз бандишаванда

  1. Ҳангоми тасҳеҳи ҳаҷми муомилотиандозбандишаванда ҳисобнома-фактураи иловагӣ тартиб дода шуда, инҳозикр карда мешаванд:

-рақами тартибӣ ва санаи тартиб додани ҳисобнома-фактураи иловагӣ;

-рақами тартибӣ ва санаи тартиб додани ҳисобнома-фактурае, ки ба он ҳисобнома-фактураи иловагӣ тартиб дода мешавад (тааллуқ дорад);

-ном, суроға ва рақами мушаххаси андозсупорандаи таҳвилкунанда ва қабулкунандаи молҳо (корҳо, хизматрасониҳо);

-ҳаҷми тасҳеҳи амалиёти андозбандишаванда бе дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда;

-маблағи андоз аз арзиши иловашуда.

  1. Ҳисобнома-фактураи иловагӣ аз ҷониби таҳвилкунандаи молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) тартиб дода шуда,аз тарафи қабулкунандаи чунин молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) тасдиқ карда мешавад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

oshiqi

Шеърҳои ошиқӣ – Гулчини беҳтарин

Шеъри ошиқӣ оиди духтари ношинос Оҳ, ин хат хати як ҷононест, Ёфтам ногаҳаш аз байни …