Главная / Ҷамъият / Тартиби ба ҳисоб гирифтани андоз

Тартиби ба ҳисоб гирифтани андоз

Моддаи 185-и Кодекси Андоз. Тартиби ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми амалиёти аз андози арзиши иловашуда озодшуда ва истифодабарии меъёри стандартӣ

  1. Дар мавриди молҳое (корҳо, хизматрасониҳое), ки барои мақсадҳои амалиёти озодкардашуда истифода мешаванд, андоз аз арзиши иловашудае, ки бояд ба таҳвилкунандагон ва оид ба воридот пардохт шавад, ба ҳисоб гирифта намешавад.
  2. Ҳангоми амалиёти андозбандишаванда ва озодкардашуда маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд ба ҳисоб гирифта шавад, бо усули мутаносибӣ дар давраи андоз муайян карда мешавад.
  3. Бо усули мутаносибӣ маблағи андоз аз арзиши иловашудае, ки бояд ҳангоми истифодаи меъёри стандартӣ ба ҳисоб гирифта шавад, дар асоси вазни қиёсии амалиёти андозбандишаванда дар маблағи умумии амалиёт муайян карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …