Главная / Ҷамъият / Тасҳеҳи маблағҳои андоз аз арзиши иловашуда, ки ба ҳисоб гирифта мешаванд

Тасҳеҳи маблағҳои андоз аз арзиши иловашуда, ки ба ҳисоб гирифта мешаванд

Моддаи 184-и Кодекси Андоз. Тасҳеҳи маблағҳои андоз аз арзиши иловашуда, ки ба ҳисоб  гирифта мешаванд

  1. Андоз аз арзиши иловашудае, ки қаблан ба ҳисоб гирифта шуда буд, бояд дар ҳолатҳои зерин аз маблағҳои баҳисобгирифташавандаи минбаъдаи андоз аз арзиши иловашуда хориҷ карда шавад:

-оид ба молҳое (корҳо, хизматрасониҳое), ки на ба мақсадҳои муомилотиандозбандишаванда истифода шудаанд;

-оид ба молҳо, аз ҷумла воситаҳои асосӣ, ҳангоми вайрон ва гум шудани онҳо (ба истиснои ҳолатҳое, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои фавқулодда рух додаанд). Вайрон, гум шудани молҳо дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда бояд бо хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда, ки дар мўҳлати на дертар аз 30 рўзи тақвимии баъди санаи рух додани ҳолатҳои фавқулодда таҳия ва ба мақоми дахлдори андоз на дертар аз мўҳлати пешбинигардида пешниҳод гардидааст, тасдиқ карда шавад. Дар айни замон нисбат ба молҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда талаботи мазкур дар он ҳолат истифода бурда мешавад, ки андозсупоранда имконияти супоридани андозро барои молҳои амалан воридшуда бевосита дар лаҳзаи воридшавии онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти талаботи моддаи 363 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон надошта, нисбат ба молҳои воридшуда расмиёт ва (ё) низомҳои пешбиникунандаи насупоридани пардохтҳои гумрукиро истифода бурдааст ва молҳои воридшуда дар давраи таҳти расмиёт ва (ё) низомҳои дар боло пешбинигардидақарор доштанашон вайрон ва нобуд шуда бошанд;

-дар ҳолати риоя накардани муқаррароти пешбининамудаи моддаи 186 Кодекси мазкур.

  1. Барои мақсадҳои Кодекси мазкур вайрон шудани мол (молу мулк) маънои бад шудани ҳама ё баъзе сифатҳои (хусусиятҳои) алоҳидаи молро (молу мулкро) дорад, ки дар натиҷаи он моли (молу мулки) мазкур барои мақсадҳои муомилотиандозбандишаванда истифода шуда наметавонад.Таҳти мафҳуми гум шудани мол (молу мулк) ҳодисае фаҳмида мешавад, ки дар натиҷаи он нобудшавӣ ва (ё) гумшавии мол (молу мулк) рух додааст. Дар ҳудуди меъёрҳои камшавии табиӣмуқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нест шудани моли (молу мулки) андозсупоранда маънои гум шуданро надорад.
  2. Ҳангоми тағйирёбии арзиши молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) қабулшуда дар ҳолатҳои дар қисми 1 моддаи 167 Кодекси мазкур пешбинигардида, бо тарзи дахлдор тасҳеҳи маблағи андоз аз арзиши иловашудаи қаблан баҳисобгирифташуда анҷом дода мешавад.
  3. Тасҳеҳи маблағҳои андоз аз арзиши иловашудаи баҳисобгирифташуда дар ҳамон давраи андозбандие гузаронида мешавад, ки дар он ҳолатҳои дар қисмҳои 1 ва 3 ҳамин моддапешбинигардида рух додаанд.
  4. Новобаста ба муқаррароти қисмҳои 1-4 ҳамин модда, андозсупорандаи истифодабарандаи меъёри стандартӣ ўҳдадор аст то1-уми апрели ҳар сол тасҳеҳи андоз аз арзиши иловашударо барои тамоми давраи соли тақвимии гузашта гузаронад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …