Главная / Ҷамъият / Ба иҷро расонидани таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ

Ба иҷро расонидани таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ

Моддаи 182-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ба иҷро расонидани таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ 

  1. Таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ барои иҷро дар мӯҳлати на дертар аз ҳафт шабонарӯзи баъди баровардани он якҷоя бо парванда ба суде, ки қарор ё таъинотро баровардааст, фиристода мешавад.
  2. Таъиноте, ки мувофиқи он шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содирнамуда бояд аз ҳабси маъмурӣ озод карда шавад, фавран иҷро карда мешавад, агар ин шахс дар маҷлиси суди марҳилаи кассатсионӣ иштирок дошта бошад. Дар ҳолатҳои дигар нусхаи  таъинот ҷиҳати иҷрои қарори аз ҳабси маъмурӣ озод кардани шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содирнамуда фавран ба маъмурияти маҳалли таҳти ҳабси маъмурӣ нигоҳдорӣ фиристода мешавад.

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …