Главная / Ҷамъият / Андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд аз муомилоти андозбандишаванда ба буҷет пардохт шавад

Андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд аз муомилоти андозбандишаванда ба буҷет пардохт шавад

Моддаи 182-и Кодекси Андоз. Андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд аз муомилоти андозбандишаванда ба буҷет пардохт шавад

  1. Маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд мувофиқи моддаи 174 Кодекси мазкур аз муомилотиандозбандишаванда дар давраи ҳисоботӣ ба буҷет пардохт шавад, ҳамчун фарқи байни маблағи андоз, ки мутобиқи моддаи 181 Кодекси мазкур аз муомилоти андозбандишаванда ҳисоб шудааст, бо дарназардошти (иловаи) маблағи андоз, ки тибқи қисми 4 моддаи 177 Кодекси мазкур ҳисоб шудааст ва маблағи андоз, ки мутобиқи моддаи 183 Кодекси мазкур барои ба ҳисоб гирифтан иҷозат дода шудааст, муайян мегардад.
  2. Дар ҳолатҳои дар моддаи 167 Кодекси мазкур пешбинишуда, вақте ки андоз аз арзиши иловашудаи пардохтшаванда нисбат ба маблағи воқеан нишондодаи андозсупоранда дар ҳисобнома-фактура оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо ё дар эъломия оид ба андоз аз арзиши иловашуда зиёд аст, маблағи зиёдатӣ ҳамчун андоз аз арзиши иловашудаи пардохтшавандаи давраи ҳисоботӣ, ки дар он ҳолати дар моддаи 167 Кодекси мазкур пешбинишуда ба миён омадааст, баррасӣ гардида, ба маблағи андози мувофиқи қисми 1 ҳамин модда дар давраи ҳисоботӣ пардохтшаванда илова мегардад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …