Главная / Ҷамъият / Мазмуни таъиноти кассатсионӣ

Мазмуни таъиноти кассатсионӣ

Моддаи 180-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ.  Мазмуни таъиноти кассатсионӣ 

  1. Дар таъиноти кассатсионӣ инҳо бояд зикр гарданд:

– вақт ва маҳалли баровардани  таъинот;

– номи суд ва ҳайати коллегияи кассатсионӣ, ки таъинотро  баровардааст;

– шахсоне, ки зимни баррасии парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ иштирок доштанд;

– шахсоне, ки шикоят ё эътирози кассатсионӣ арз намудаанд;

– моҳияти шикоят ё эътироз;

– мазмуни қисми хулосавии қарор ё таъиноте, ки аз он шикоят карда ё эътироз оварда шудааст;

– асосҳои қабули қарор дар суди марҳилаи кассатсионӣ;

– қарори суди марҳилаи кассатсионӣ оид ба шикоят ё эътироз.

  1. Қисми баёнияи таъинот дарҷи мухтасари ваҷҳҳои шахсеро, ки шикоят кардааст ё эътироз овардааст, эродҳои дигар шахсони иштирокчии суди марҳилаи кассатсионӣ, инчунин асосҳои қабул кардани қарорро дар бар мегирад. Агар шикоят ё эътироз қонеъ гардонида нашуда бошад, асосҳое, ки тибқи онҳо шикоят ё эътироз беасос ё камаҳамият дониста шудааст, нишон дода мешаванд. Ҳангоми бекор  кардан ё тағйир додани қарор нишон дода мешавад, ки талаботи кадом моддаҳои қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вайрон карда шудааст ва ин вайронкуниҳо аз чиҳо иборатанд, асосҳое, ки тибқи онҳо ҷазои таъиннамудаи суди марҳилаи якум ғайриодилона эътироф шудааст. Дар сурати ба санҷиши нав ва ё муҳокимаи нави судӣ фиристодани парванда нишон дода мешавад, ки кадом вайронкуниҳои қонун бояд бартараф карда шаванд. Дар айни замон суди марҳилаи кассатсионӣ ҳуқуқ надорад оид ба исботшуда ё исботнашуда будани кирдори ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, оид ба ҳаққонӣ ё нодурустии ин ё он далел ва бартарии як далел нисбат ба далели дигар, оид ба татбиқи қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар бораи ҷазо аз ҷониби суди марҳилаи якум, дар бораи чораи ҷазо масъалаҳоро пешакӣ ҳал намояд.
  2. Таъинот дар хонаи машваратӣ бароварда шуда, ба он ҳамаи ҳайати суд имзо мегузоранд ва пас аз баргаштани ҳайати суд аз хонаи машваратӣ фавран эълон карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …