Главная / Ҷамъият / Ваколатҳои мақоми экспертизаи давлатии лоиҳаҳои шаҳрсозӣ

Ваколатҳои мақоми экспертизаи давлатии лоиҳаҳои шаҳрсозӣ

Моддаи 18-и  Қарори шаҳрсозӣ. Ваколатҳои мақоми экспертизаи давлатии лоиҳаҳои шаҳрсозӣ

  1. Мақоми экспертизаи давлатии лоиҳаҳои шаҳрсозӣ:
    – бо тартиби муқарраргардида экспертизаи давлатии лоиҳаҳои шаҳрсозиро, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, дар хусуси мувофиқати онҳо ба талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад;
    – оид ба масъалаҳои экспертизаи давлатии лоиҳаҳои шаҳрсозӣ ҳуҷҷатҳои дастурӣ таҳия менамояд;
    – барои гузаронидани экспертизаи давлатии лоиҳаҳои шаҳрсозӣ бо тартиби муқарраргардида ташкилотҳои лоиҳавӣ, илмию таҳқиқотӣ ва дигар ташкилотҳо, инчунин мутахассисонро ҷалб менамояд;
    – мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро амалӣ менамояд.
    2. Хулосаи мақоми экспертизаи давлатии лоиҳаҳои шаҳрсозӣ ба ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки тибқи моддаи 64 Кодекси мазкур аз экспертизаи давлатӣ гузаронидани онҳо ҳатмӣ нест, барои тасдиқи онҳо бо тартиби муқарраргардида асос мебошад.
    3. Коршиносони мақоми экспертизаи давлатии лоиҳаҳои шаҳрсозӣ барои додани хулосаи экспертизаи мусбӣ ба лоиҳаҳои шаҳрсозие, ки бо риоя накардани талаботи меъёру қоидаҳои лоиҳакашӣ иҷро шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …