Главная / Ҷамъият / Ҷуброни хароҷоти корманд ҳангоми ба маҳалли дигар ба кор қабул намудан

Ҷуброни хароҷоти корманд ҳангоми ба маҳалли дигар ба кор қабул намудан

Моддаи 179-и Кодекси Меҳнат. Ҷуброни хароҷоти корманд ҳангоми ба маҳалли дигар ба кор қабул намудан, гузарондан ва ба кор фиристонидан

1.     Барои кормандон, шахсоне, ки таҳсилро хатм намуда, ба маҳалли дигар ба кор мегузаранд ё бо роҳхат аз ҷойи дигар ба кор омадаанд, бо тарзи муташаккилона ё бо мувофиқаи пешакӣ бо бастани шартнома ё дархост ба кор қабул шудаанд, чунин ҷубронҳо муайян мешаванд:

– арзиши роҳкирои корманд, шахсоне, ки таҳсилро хатм намудаанд ва аъзои оилаи онҳо (зану шавҳар, кўдакон ва падару модари зану шавҳар, ки дар нигоҳубини онҳо қарордошта, якҷоя ҳамроҳи онҳо омадаанд), ба ҳамон шароите, ки корманд ба сафари хизматӣ фиристода мешавад;

– хароҷоти кашонидани молу мулк бо нақлиёти автомобилӣ ё роҳи оҳан (истифодаи умумӣ) дар ҳаҷми 500 килограмм барои худи корманд, шахсони хатмкардаи таҳсил ва то 150 килограмм барои ҳар як ҳамсафари аъзои оила (тибқи созишномаи тарафҳо метавонад хароҷоти кашонидани моликият дар ҳаҷми зиёдтар пардохт карда шавад);

– хароҷоти шабонарўзӣ барои ҳар як рўзи сафар – ба андозае, ки барои сафари хизматӣ пешбинӣ шудааст;

– кумакпулии яквақта барои худи корманд, шахси хатмкардаи таҳсил – ба андозаи музди моҳонаи тарифӣ дар ҷойи нави кор ва ба ҳар як аъзои оила – ба андозаи чоряки ҳиссаи кумакпулии худи корманд, шахсони хатмкардаи таҳсил.

  1. Ба корманд ва шахсоне, ки таҳсилро хатм кардаанд, музди меҳнат вобаста ба маоши тарифӣ дар ҷойи нави кор, барои рўзҳои ба роҳ баромадан ва дар ҷойи нави истиқомат ҷо ба ҷо шудан, инчунин дар ҳолати дар роҳ будан, аммо на зиёда аз шаш рўз дода мешавад.
  2. Агар андозаи муайяни ҷубронеро, ки ба корманд ҳисобӣ мешавад, пеш аз муҳлат муайян кардан имконнопазир бошад, он гоҳ ба ў пешпардохт дода мешавад.
  3. Арзиши роҳкирои аъзои оила ва овардани молу мулки онҳо, ҳамчунин кумакпулии яквақта ба онҳо дар ҳолате ҳисобӣ карда мешавад, ки агар онҳо ба ҷойи нави истиқомати корманд то гузаштани як сол аз рўзи ба онҳо воқеан ҷудо кардани манзил омада бошанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …