Главная / Ҷамъият / Тағйир додани қарор

Тағйир додани қарор

Моддаи 179-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Тағйир додани қарор 

  1. Агар зимни баррасии парванда ба тариқи кассатсионӣ муайян карда шавад, ки суди марҳилаи якум муқаррароти қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нодуруст татбиқ кардааст ё ҷазои таъинкарда ба вазнинии ҳуқуқвайронкунӣ ва шахсияти шахсе, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст мувофиқ нест, суди марҳилаи кассатсионӣ метавонад парвандаро ба баррасии нав нафиристода, ба қарор тағйирот ворид намояд, ба шарте ки ҷазои тағйирдодашуда аз ҷазои дар ибтидо таъиншуда зиёд набошад ва ё муқаррароти нисбатан вазнини қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ нагардад.
  2. Суди марҳилаи кассатсионӣ ҳуқуқ надорад ба қарор тағйироте ворид намояд, ки ба ҳолатҳои дар қарори суди марҳилаи якум муқарраркарданашуда ё ин ки ба далелҳои дар он истифоданашуда асос ёфта бошад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …