Оқибатҳои бекор кардани қарор ё таъинот
19.04.2018
67 Показы
Моддаи 178-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Оқибатҳои бекор кардани қарор ё таъинот

- Суд ҳангоми бекор кардани қарор ё таъинот дар таъиноти кассатсионӣ нишон медиҳад, ки пешбурди парванда бояд аз санҷиши нав, тафтиши нави маъмурӣ ё аз муҳокимаи нави судӣ сар карда шавад.
- Дар сурати бекор кардани қарор ё таъинот бинобар зарурати гунаҳгор донистан дар содиркунии ҳуқуқвайронкунии маъмурии вазнинтар ё кирдоре, ки аз рӯи ҳолатҳои воқеӣ аз кирдори дар ибтидо гунаҳгор дониста ҷиддан фарқ мекунад, парванда тавассути суде, ки қарор ё таъинот баровардааст, барои тафтиши нав ба ҳамон мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор) равон карда мешавад.
- Дар сурати бекор кардани қарор ё таъинот бо сабаби роҳ додан ба вайронкунии қонун ҳангоми баррасии парванда дар суд, парванда барои баррасии нав ба ҳамон суде, ки қарор ё таъинотро баровардааст, дар ҳайати нав ё ба суди дигар ирсол карда мешавад.
Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2018-04-19
Tags Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Инчунин кобед
Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …