Моддаи 177-и Кодекси Меҳнат. Кафолат ва ҷуброн ҳангоми сафари хизматӣ
- Ҳангоми сафари хизматӣ ҷуброн карда мешавад:
– хароҷот вобаста ба истиқомат берун аз ҷойи истиқомати доимӣ (рўзмарра);
– хароҷоти роҳкиро;
– хароҷоти кирояи манзили истиқоматӣ;
– хароҷоти дигаре, ки корманд бо розигии корфармо кардааст.
- Тартиб ва андозаи ҷуброни хароҷоти сафари хизматӣ дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
- Андозаи ҷуброни хароҷоти сафари хизматӣ дар ташкилотҳои дигар бо мувофиқаи корманд ва корфармо муайян карда шуда, аз андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар буда наметавонад.
- Ҷойи кор (вазифа) ва музди меҳнати кормандони ба сафари хизматӣ рафта дар тамоми вақти сафари хизматӣ нигоҳ дошта мешавад.