Главная / Ҷамъият / Бекор кардани таъиноте, ки бо он пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қатъ карда шудааст

Бекор кардани таъиноте, ки бо он пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қатъ карда шудааст

Моддаи 177-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Бекор кардани таъиноте, ки бо он пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қатъ карда шудааст 

  1. Таъиноте, ки бо он нисбати шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қатъ карда шудааст,  дар суди марҳилаи кассатсионӣ танҳо аз рӯи эътирози прокурор ё шикояти ҷабрдида ё намояндаи ӯ,  ки бо асосҳои қатъкунӣ розӣ нестанд, мумкин аст бекор карда шавад.
  2. Таъинот дар бораи қатъ кардани парванда ё дигар қароре, ки ба манфиати шахси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содирнамуда бароварда шудааст, наметавонад бинобар ба таври ҷиддӣ вайрон кардани қонунгузориии мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур бекор карда шавад.

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр c 2023 ба шоми 17- ба 18-уми Апрел рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …