Главная / Ҷамъият / Андозбандии бозгашт

Андозбандии бозгашт

Моддаи 177-и Кодекси Андоз. Андозбандии  бозгашт

  1. Агар шахсе, ки резидент намебошад ва барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, барои агенти андози дар қисми 2 ҳамин моддапешбинишуда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат расонад ё корҳоро иҷро кунад, пас барои мақсадҳои ҳамин фасл чунин иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо мувофиқи ҳамин модда андозбандӣ мешавад.
  2. Барои мақсадҳои ҳамин моддаагенти андоз андозсупоранда – ташкилот ё соҳибкори инфиродии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда мебошад.
  3. Дар сурати татбиқ намудани қисми 1 ҳамин модда, агенти андоз аз маблағе, ки бояд ба ғайрирезидент пардохт шавад, андоз мегирад. Маблағи андоз бо роҳи татбиқи меъёри муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи 181 Кодекси мазкур нисбат ба маблағе, ки бояд баъди нигоҳ доштани андоз ба ғайрирезидент пардохт шавад, муайян мегардад.
  4. Агар агенти андоз барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шуда бошад, андози нигоҳдошташуда бояд ба буҷет супорида шавад ва ба эъломияи андоз аз арзиши иловашуда барои моҳе, ки дар он амалиёт сурат гирифтааст, чун маблағи пардохтшаванда (чун маблағи ҳисобу замшуда) дохил карда шавад.
  5. Агар агенти андоз барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта нашуда бошад, вай ўҳдадор аст, ки андози нигоҳдошташударо дар давоми панҷ рўз аз рўзи пардохт ба ғайрирезидент ба буҷет супорад ва эъломияро оид ба маблағи андоз аз арзиши иловашудаи ба ҷои ғайрирезидент ҳисоб ва пардохтшуда то рўзи 15-уми моҳе, ки пас аз моҳи ҳисоботӣ фаро мерасад, пешниҳод кунад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …