Главная / Ҷамъият / Муқаррар намудани мазмуни меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷӣ

Муқаррар намудани мазмуни меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷӣ

Моддаи 176-и Кодекси оила. Муқаррар намудани мазмуни меъёрҳои  ҳуқуқи оилавии хориҷӣ 

  1. Ҳангоми истифодаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷӣ суд ё мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар мақомот мундариҷаи ин меъёрҳоро мувофиқи тафсири расмии он, амалияи истифода ва доктринаи он  дар давлати дахлдори хориҷӣ муқаррар менамоянд.

Ба мақсади муқаррар намудани мундариҷаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷӣ суд, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти дигар метавонанд тибқи тартиби муқарраршуда барои мусоидат ва тавзеҳ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти салоҳиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кунанд ё коршиносонро (экспертҳоро) ҷалб намоянд.

  1. Шахсони манфиатдор ҳуқуқ доранд асноди тасдиқкунандаи мундариҷаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷиеро, ки онҳо барои талаби худ ё эътироз ба он истинод мекунанд, пешниҳод намоянд ё ба тарзи дигар ба суд ё мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар мақомот дар муқаррар сохтани мундариҷаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷӣ мусоидат кунанд.
  2. Агар мундариҷаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷӣ, сарфи назар аз чораҳои мутобиқи қисми якуми ҳамин модда дидашуда муқаррар нагардад, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …