Главная / Ҷамъият / Маҳалли иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо

Маҳалли иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо

Моддаи 176-и Кодекси Андоз. Маҳалли иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо

  1. Барои мақсадҳои ҳамин фасл маҳалли иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо инҳо мебошанд:

1) Маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқул, агар корҳо (хизматрасониҳо) бевосита бо ин молу мулк алоқаманд бошанд. Барои мақсадҳои фасли мазкур хизматрасониҳои алоқаи барқӣ (аз ҷумла, пайвастшавии шабакавӣ, иҷораи канал, интиқол ва қабули трафик ва (ё) интернет, пахши байналмилалии барномаҳои телевизион ва радио), ки анҷом додани онҳо бо молу мулки ғайриманқул алоқаманд мебошад, дар маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқули зикргардида амалигардида ҳисобида мешаванд.

2) Маҳалли иҷрои амалии корҳо (хизматрасониҳо), агар онҳо бо молу мулки манқул алоқаманд бошанд.

3) Маҳалли иҷрои амалии хизматрасониҳо, агар онҳо дар соҳаҳои фарҳанг, фароғат, илм,  санъат, маориф (таълим), тарбияи ҷисмонӣ, реклама, истироҳат ва варзиш, пешниҳоди кормандон ё дар соҳаи дигари фаъолияти шабеҳ расонида шаванд.

4) Маҳалли воқеии анҷом додани ҳамлу нақл, агар корҳо (хизматрасониҳо) бо ин ҳамлу нақл алоқаманд бошанд. Барои мақсадҳои моддаи 170 Кодекси мазкур чунин амалиёти вобаста ба иҷрои корҳо ё хизматрасониҳои андозсупоранда берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдодашуда ба ҳисоб меравад.

5) Маҳалли ҷойгиршавии харидори хизматрасониҳо (корҳо), ки ин хизматрасониҳо (корҳо) бештар бо он алоқаманд мебошанд.Муқаррароти мазкур нисбат ба хизматрасониҳои зерин татбиқ карда мешаванд:

а) ба моликият додан ё гузашт кардани патентҳо, иҷозатномаҳо, тамғаҳои савдо, ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои дигари шабеҳ;

б) гузаронидани машваратҳо, расонидани хизматрасониҳои ҳуқуқӣ, аудиторӣ, муҳандисӣ-техникӣ (инжинирингӣ), дизайнерӣ, маркетингӣ, адвокатӣ, муҳосибавӣ, муҳандисӣ, инчунин хизматрасониҳои коркарди маълумот (ба истиснои паҳнкунии маҳсули воситаҳои ахбори омма) ва хизматрасониҳои дигари шабеҳ;

в) ба иҷора додани молу мулки манқул (ба истиснои воситаҳои нақлиёт);

г) хизматрасониҳо оид ба ташкили саёҳат.

6) Маҳалли анҷом додани фаъолияти соҳибкории шахси иҷрокунандаи корҳо ё хизматрасониҳое, ки дар бандҳои 1)–5)ҳамин қисмзикр нагардидаанд.

  1. Ҳангоми истифодаи қисми 1 ҳамин модда маҳалли иҷрои корҳо ё хизматрасониҳои дар зиёда аз як банди қисми 1 ҳамин моддапешбинигардида, аз рўи тартиби ин бандҳо якум муайян карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …