Главная / Ҷамъият / Вақти анҷом додани амалиёти андозбандишаванда

Вақти анҷом додани амалиёти андозбандишаванда

Моддаи 174-и Кодекси Андоз. Вақти анҷом додани амалиёти андозбандишаванда

  1. Амалиёти андозбандишаванда ҳангоми пешниҳод кардани ҳисобнома – фактура оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо нисбат ба ҳамин амалиёт ҷой дорад, агар ҳамин модда тартиби дигареро пешбинӣ накунад.
  2. Агар ҳисобнома – фактураи андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо то ё дар лаҳзаи (рўзи) амалӣ шудани амалиёти андозбандишаванда пешниҳод карда нашавад, қисми 1 ҳамин модда татбиқ намегардад ва амалиёти андозбандишаванда дар ҳолатҳои зеринҷой дорад:

-дар лаҳзаи қабул, фурўхтан ё супоридани молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо;

-дар ҳолати таҳвили молҳое, ки ҳамлу нақли молҳоро дар назар дорад, дар лаҳзаи боркунӣ.

  1. Ҳангоме, ки пардохтпулӣ барои таҳвили молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо то фарорасии мўҳлати дар қисми 2 ҳамин моддапешбинишуда гирифта шуда бошад, пас агар ҳисобнома – фактура оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо дар давоми панҷ рўзи баъди пардохт пешниҳод карда нашавад, қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда татбиқ карда намешаванд ва амалиёти андозбандишаванда ҳангоми гирифтани пардохтпулӣ ҷой дорад.
  2. Барои мақсадҳои қисми 3 ҳамин модда, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 5 ҳамин модда, агар барои амалиёти андозбандишаванда ду ва ё зиёда аз он пардохтпулӣ гирифта шуда бошад, пас ҳар як пардохтпулии гирифташуда ҳамчун пардохт барои амалиёти алоҳида ба андозаи маблағи пардохт анҷомдодашаванда баррасӣ карда мешавад.
  3. Агар хизматрасониҳо мунтазам ё доимӣ анҷом дода шаванд, пас хизматрасониҳо ҳамчун ҳар дафъаина дар лаҳзаи пешниҳоди ҳисобнома барои пардохт вобаста ба ҳар қисми ин амалиёт иҷрошаванда ё агар пардохт барои хизматрасонӣ пештар гирифта шуда бошад, ҳамчун дар лаҳзаи гирифтани пардохт барои ҳар яке аз қисмҳои амалиёт иҷрошуда баррасӣ карда мешавад.Дар ҳар ҳолат новобаста ба дигар муқаррароти ҳамин модда барои мақсадҳои ҳамин қисм ҳисобнома-фактура оид ба андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо (ҳисобнома барои пардохт) бояд барои ҳар моҳ на дертар аз рўзи 10-уми моҳе, ки бевосита баъди моҳи ҳисоботӣ фаро мерасад, пешниҳод карда шавад. Агар ҳисобнома-фактура (ҳисобнома барои пардохт) дар мўҳлати зикршуда пешниҳод нагардад, чунин шуморида мешавад, ки хизматрасонӣ дар рўзи охирини моҳи ҳисоботӣ сурат мегирад.
  4. Ҳангоми татбиқи қисми 3 моддаи 164 Кодекси мазкур лаҳзаи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда лаҳзаи оғози истифодабарӣ ё истеъмоли молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо дониста мешавад.
  5. Дар ҳолати дар қисми 4 моддаи 164 Кодекси мазкур пешбинишуда лаҳзаи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда лаҳзаи таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасонӣ ба кормандон ва дигар шахсон мебошад.
  6. Лаҳзаи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда оид ба таҳвили қувваи барқ, гармӣ, газ ё об мувофиқи қоидаҳои нисбат ба хизматрасонӣ дар асоси мунтазам ё доимӣ амалкунанда муайян карда мешавад.
  7. Барои мақсадҳои ҳамин боб,новобаста ба муқаррароти қисми 3 ҳамин модда, лаҳзаи муайян намудани манбаи андоз ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонию васлкунӣ яке аз санаҳои пештарини зерин ба ҳисоб меравад:

-санаи гирифтани  (ба даст овардани ҳуқуқ барои гирифтани) пардохти ҷорӣ аз фармоишгар;

-санаи қисман (пурра) иҷро намудани корҳои сохтмонии дар баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботҳои андозсупоранда қайдгардида.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …