Моддаи 173-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Нодуруст татбиқ карда шудани қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
Қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нодуруст татбиқшуда ба ҳисоб меравад, агар:
– суд қонунеро, ки бояд татбиқ карда мешуд, татбиқ накарда бошад;
– суд қонунеро, ки бояд татбиқ карда намешуд, татбиқ карда бошад;
– суд қонунро нодуруст маънидод кардааст, ки он ба мазмуни дақиқи қонун мухолиф бошад.