Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқҳои шахсии ғайри молу мулкию молу мулкиӣ ва ӯҳдадориҳои зану шавҳар

Ҳуқуқҳои шахсии ғайри молу мулкию молу мулкиӣ ва ӯҳдадориҳои зану шавҳар

Моддаи 172-и Кодекси оила. Ҳуқуқҳои шахсии ғайри молу мулкию молу мулкиӣ ва ӯҳдадориҳои зану шавҳар 

  1. Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолу мулкию молу мулкиӣ ва ӯҳдадориҳои зану шавҳар тибқи қонунҳои давлате, ки онҳо дар ҳудуди он иқоматгоҳи муштарак доранд ва дар сурати надоштани иқоматгоҳи муштарак бошад, тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки онҳо дар қаламрави он иқоматгоҳи охирини муштарак доштанд. Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолу мулкию молу мулкиӣ ва ӯҳдадориҳои зану шавҳаре, ки иқоматгоҳи муштарак надоранд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
  2. Зану шавҳаре, ки шаҳрвандии умумӣ ё иқоматгоҳи муштарак надоранд, ҳангоми бастани аҳдномаи никоҳ ё созишнома дар бораи пардохти алимент ба ҳамдигар метавонанд қонунҳоеро интихоб намоянд, ки барои муайян намудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳояшон дар хусуси пардохти алимент аз рӯи ин аҳднома ё созишномаи пардохти алимент мавриди истифода қарор мегиранд. Агар зану шавҳар дар мавриди интихоби қонунҳо нисбати аҳдномаи никоҳ ё созишномаи зану шавҳар дар бораи пардохти алимент ба якдигар ба мувофиқа наоянд, муқаррароти қисми  якуми ҳамин модда истифода мешавад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

sabr

Фазилати сабр бар мусибат

Имом Муслим аз Умми Салама (раз) ривоят намуда, ки гуфт: Аз Расули Худо (с) шунидам, …