Главная / Ҷамъият / Андозбандии содироти молҳо

Андозбандии содироти молҳо

Моддаи 172-и Кодекси Андоз. Андозбандии содироти молҳо

  1. Содироти молҳо, ба ғайр аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, алюминийи аввалия, консентрати металлҳо, оҳанпораи металлҳои сиёҳ ва ранга, металлҳои дигари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, молҳои дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ истеҳсолшуда, пилла, нахи пахта, калобаи пахта, пахтаи коркарднашуда бо андоз аз арзиши иловашуда аз рўи меъёри сифр андозбандӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1188)
  2. Ҳангоми тасдиқ нашудани содироти молҳо мутобиқи моддаи 173 Кодекси мазкур дар ҷараёни 90 рўзи тақвимӣ аз санаи сабти мақоми гумруке, ки рухсати молҳоро таҳти низоми гумрукии содирот анҷом додааст ва ё ҳангоми баровардани молҳо таҳти низоми гумрукии содирот тавассути хатҳои интиқоли қувваи барқ ё бо истифодаи расмиёти эъломияи нопурраи даврагӣ – аз санаи қайди мақоми гумрук, ки барасмиятдарории гумрукиро анҷом додааст, таҳвили ин молҳо бояд аз арзиши иловашуда аз рўи меъёри мусбии дар қисмҳои 1- 3 моддаи 181 Кодекси мазкурпешбинишуда андозбандӣ гардад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …