Моддаи 170-и Кодекси Андоз. Андозбандии ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзитӣ
- Хизматрасониҳои нақлиётӣ ё дигар хизматрасониҳо ё иҷрои корҳои бевосита марбут ба ҳамлу нақли байналмилалии борҳо ва мусофирон, инчунин таҳвили сўзишворию равғанҳои молиданӣ ва дигар маводи истеъмолӣ, ки ба дохили киштии ҳавоии худӣ ва (ё) хориҷӣ барои истеъмол ҳангоми парвозҳои байналмилалӣ бор карда мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд. Таҳти мафҳуми ҳамлу нақли байналмилалӣ кашондани бор ва мусофирон фаҳмида мешавад, ки маҳалли ҳаракат ё маҳалли таъиноти онҳо (яке аз ин маҳалҳо) берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
- Барои мақсадҳои ҳамин модда ба корҳо ва хизматрасониҳое, ки бинобар ҳамлу нақли байналмилалӣ анҷом дода мешаванд, инҳо дохил мешаванд:
-корҳо, хизматрасониҳои нақлиётӣ (боркашонӣ, ҳамлу нақл), борбардорӣ, борфарорӣ, азнавборкунӣ, ирсоли молҳое, ки аз (ба) қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешаванд, инчунин молҳое, ки тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи транзит интиқол дода мешаванд;
-корҳо, хизматрасониҳои нақлиётӣ вобаста ба интиқоли почта, мусофирон, бағоҷ аз (ба) қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои даромадҳо аз хизматрасониҳои вобаста ба фурўши чиптаҳои ҳавопаймо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хатсайрҳои ҳавоии байналмилалӣ мутобиқи шартномаҳои комиссия, супориш ё дигар шартномаҳои шабеҳ, новобаста ба шакли бастани онҳо;
-хизматрасонии техникӣ, тиҷоратӣ, аэронавигатсионӣ, фурудгоҳии хатсайрҳои байналмилалии ҳавоӣ, ба истиснои даромадҳо аз хизматрасониҳо оид ба фурўши чиптаҳои ҳавопаймо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хатсайрҳои ҳавоии байналмилалӣ мутобиқи шартномаҳои комиссия, супориш ё дигар шартномаҳои шабеҳ, новобаста ба шакли бастани онҳо.
- Дар ҳолати иҷрои корҳо ва хизматрасониҳои дар сархати якуми қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда, озод намудан аз андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми риояи шартҳои зерин татбиқ мегардад:
-мавҷудияти шартнома (қарордод) оид ба иҷрои корҳо, хизматрасониҳо, ки бевосита бо таҳвилкунандаи молҳо баста шудааст;
-ба расмият даровардани боркашонӣ бо ҳуҷҷатҳои ягонаи байналмилалии боркашонӣ;
-нисбат ба борҳои транзитӣ – мавҷудияти эъломияи боркашонии гумрукии молҳое, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, таҳти низоми транзит ба расмият дароварда шудаанд.
- Дар ҳолати иҷро намудани корҳо ва хизматрасониҳои дар сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда, озод намудан аз андоз аз арзиши иловашуда дар сурати риоя намудани шартҳои зерин татбиқ мегардад:
-мавҷуд будани шартнома (қарордод) оид ба иҷрои корҳо, хизматрасониҳо, ки бевосита бо қабулкунандаи (фармоишгари) корҳо, хизматрасониҳои номбаршуда баста шудааст;
-барасмиятдарории боркашонӣ бо ҳуҷҷатҳои ягонаи байналмилалӣ.
- Интиқол ва хизматрасонии борфиристониҳои транзитие, ки дар сархати сеюми қисми 1 моддаи 171 Кодекси мазкур зикр шудаанд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
- Ҳамин модданисбат ба давлатҳое, ки оид ба хизматрасонии нақлиётӣ ё дигар хизматрасониҳо ё иҷрои корҳои мустақиман вобаста ба боркашонӣ ва мусофиркашонии байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми андозбандӣ бо андоз аз арзиши иловашударо истифода мебаранд, татбиқ намегардад.