Главная / Ҷамъият / Шартҳои манъ кардани баистифодадиҳии корхонаҳо, иншоот ва объектҳои дигаре, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд

Шартҳои манъ кардани баистифодадиҳии корхонаҳо, иншоот ва объектҳои дигаре, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд

Моддаи 17-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шартҳои манъ кардани баистифодадиҳии корхонаҳо, иншоот ва объектҳои дигаре, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд

1.Ба истифода додани объектҳои зерин манъ аст:

-объектҳои обистифодабарандагоне, ки иҷозат барои истифодаи махсуси об ва хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ надоранд;

-корхонаҳо, сехҳо, агрегатҳо, объектҳои коммуналӣ ва дигар объектҳои наву таҷдидгардида, ки бо дастгоҳҳои пешгирикунандаи ифлосшавии обҳо ва таъсири зараровари онҳо таъмин нагардидаанд;

-системаҳои обёрӣ ва оббарорӣ, обанборҳо ва каналҳо то гузаронидани тадбирҳои дар лоиҳаҳо пешбинигардида, ки зериобмонӣ, ботлоқу шӯршавӣ ва бодлесии заминҳоро пешгирӣ мекунанд;

-системаҳои заҳбуру заҳкашӣ то тайёр шудани обгирҳо ва дигар объектҳо мувофиқи лоиҳаҳои тасдиқгардида;

-иншооти гидротехникии маҷроӣ то тайёр шудани дастгоҳҳо барои гузаронидани селобҳо ва моҳиҳо мутобиқи лоиҳаҳои тасдиқгардида;

-иншооти хоҷагии об дар лоиҳаҳое, ки дар онҳо ҷуброни зарари ба захираҳои моҳӣ, дигар ҳайвоноту набототи обӣ расонидашаванда, пешбинӣ нагардидааст;

-чоҳҳои барои об пармашуда бидуни таҷҳизонидани онҳо бо дастгоҳҳои танзими об ва дар ҳолатҳои зарурӣ муқаррар намудани минтақаҳои ҳифзи санитарӣ.

2.То анҷом додани тадбирҳои дар лоиҳа пешбинигардида оиди омода сохтани маҷрову обраҳаҳо пур кардани обанборҳо манъ аст.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …