Главная / Ҷамъият / Тасҳеҳи амалиёти андозбандишаванда

Тасҳеҳи амалиёти андозбандишаванда

Моддаи 167-и Кодекси Андоз. Тасҳеҳи амалиёти андозбандишаванда

  1. Ҳамин модданисбат ба амалиёти андозбандишавандаи андозсупоранда дар ҳолатҳои зерин татбиқ мегардад:

-бекор кардани амалиётё тағйир ёфтани хусусияти он;

-тағйир ёфтани арзиши амалиёти андозбандишаванда;

-тағйир ёфтани ҷуброни мувофиқашуда барои амалиёт бо сабаби пастшавии нарх ва бо ҳар гуна сабабҳои дигар;

-турра ё қисман баргардонидани молҳо ба андозсупоранда (қабул накардани корҳо ё хизматрасониҳои анҷомдодаи андозсупоранда);

-тарҳи карзҳои беэътимод (шубҳанок) мувофиқи моддаи 115 Кодекси мазкур.

  1. Агар андозсупоранда дар натиҷаи яке аз сабабҳои дар қисми 1 ҳамин моддапешбинишудаҳисобнома – фактура оид ба андоз аз арзиши иловашуда пешниҳод кунад, ки дар он маблағи андоз аз арзиши иловашуда нодуруст нишон дода шуда бошад ё дар эъломияи андоз аз арзиши иловашуда маблағи андоз аз арзиши иловашударо нодуруст зикр карда бошад, пас мувофиқи қисми 2 моддаи 182 ва қисми 8 моддаи 183 Кодекси мазкур тасҳеҳ гузаронида мешавад.
  2. Тасҳеҳи амалиёти андозбандишаванда дар  асоси ҳисобнома – фактураи иловагӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда ё дигар ҳуҷҷатҳо, ки фаро расидани ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин моддапешбинишударо баъди содир гардидани амалиёти ибтидоии андозбандишаванда тасдиқ менамоянд, гузаронида мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …