Главная / Ҷамъият / Объектҳои андозбандӣ

Объектҳои андозбандӣ

Моддаи 164-и Кодекси Андоз. Объектҳои андозбандӣ

  1. Объектҳои андозбандии андоз аз арзиши иловашуда амалиёти андозбандишаванда ва воридоти андозбандишаванда мебошанд.
  2. Таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо, ба истиснои таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳое, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод буда, дар доираи фаъолияти соҳибкорӣ анҷом дода мешаванд, агар онҳо мутобиқи моддаҳои 175 ва 176 Кодекси мазкур дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрошаванда эътироф гарданд, амалиёти андозбандишаванда мебошанд. Амалиёти андозбандишаванда мутобиқи моддаи 176 Кодекси мазкур хизматрасониҳо ё иҷрои корҳои берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдодашударо дар бар намегирад.
  3. Агар андозсупоранда молҳоро (корҳоро, хизматрасониҳоро) бо пардохти андоз аз арзиши иловашуда харад ва маблағи дахлдорро ба ҳисоб гирад (ё ҳуқуқи ба ҳисоб гирифтанро дошта бошад), истифодаи чунин молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо) ё натиҷаи истифодаи молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо) барои фаъолияти ғайрисоҳибкорӣ амалиёти андозбандишаванда ҳисобида мешавад.
  4. Таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳои андозсупоранда ба кормандони худ ва ҳар шахси дигаре, ки супорандаи андоз аз арзиши иловашуда намебошанд, аз ҷумла ройгон, амалиёти андозбандишаванда мебошад.
  5. Сарфи назар аз муқаррароти дигари ҳамин модда, таҳвили молҳо аз тарафи супорандаи андоз аз арзиши иловашуда, ба истиснои истифодабарии меъёри пасткардашуда, ки ин молҳоро дар натиҷаи амалиёти андозбандишавандаи андоз аз арзиши иловашуда харидааст, аммо мутобиқи моддаи 183 Кодекси мазкур ҳангоми харидани ин молҳо барои баҳисобгирии маблағи андоз аз арзиши иловашуда ҳуқуқ надошт, ҳамчун амалиёти андозбандишаванда ҳисобида намешавад. Агар ҳангоми харидани молҳо баҳисобгирӣ қисман иҷозат нашуда бошад, дар ин сурат андозаи амалиёти андозбандишаванда мутаносибан ба ҳиссаи баҳисобгирии иҷозатнашуда кам карда мешавад.
  6. Арзиши бастаҳое (зарфҳое), ки бояд тибқи шарт ва мўҳлатҳои муқарраркардаи шартномаи (қарордоди) таҳвили молҳо баргардонида шаванд, ба истиснои ҳолатҳои фурўши чакана, ба маблағи андозбандишаванда дохил карда намешавад. Чаканафурўшон метавонанд ҳаҷми амалиёти андозбандишавандаро ба маблағе, ки онҳо ба сифати ҳақки ҷуброни баргардонидани бастаҳо (зарфҳо) ба мизоҷон пардохтанд, кам кунанд.
  7. Агар бақайдгирии андозсупоранда бекор карда шавад, молҳои дар лаҳзаи бекоркунӣ дар ихтиёри он қарордошта, ба истиснои истифодаи меъёри пасткардашуда, ҳамчун дар доираи амалиёти андозбандишаванда дар ин лаҳза таҳвилшуда баррасӣ мегарданд.
  8. Маблағҳои андоз аз арзиши иловашуда, ки то бақайдгирӣ оид ба андоз аз арзиши иловашуда нисбат ба бақияи молҳои харидашуда, ки пештар ҳангоми андозбандӣ аз даромади андозбандишаванда тарҳ карда нашуда буданд, ҳангоми истифодаи меъёри стандартӣ пас аз бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда мувофиқи тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур ба ҳисоб гирифта мешаванд.
  9. Дар ҳолати истеҳсоли молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо аз ашё ва маводи фармоишгар, ҳангоме, ки соҳиби ашё, мавод ва маҳсулоти коркард худи фармоишгар мемонад, амалиёти андозбандишаванда барои коркардкунанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) хизматрасониҳо (корҳо) оид ба коркарди ашё ва мавод барои молҳо (кору хизматрасониҳо) ба ҳисоб меравад.
  10. Молҳо ва воситаҳои нақлиёти ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда (ба истиснои молҳое, ки мутобиқи моддаи 169 Кодекси мазкур аз андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд), ки мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар эъломия зикр шаванд, воридоти андозбандишаванда ба ҳисоб мераванд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …