Главная / Ҷамъият / Мӯҳлатҳои баррасии парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ

Мӯҳлатҳои баррасии парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ

Моддаи 163-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мӯҳлатҳои баррасии парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ 

  1. Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе бояд парвандаи тибқи шикоят ё эътирози кассатсионӣ расидаро дар мӯҳлати на дертар аз даҳ шабонарӯз аз рӯзи ворид шуданаш баррасӣ кунанд. Ҳангоми  мавҷуд будани ҳолатҳои истисноӣ раиси суди дахлдор метавонад бо қарори худ ин мӯҳлатро то даҳ шабонарӯз дароз кунад.
  2. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи тибқи шикоят ё эътирози кассатсионӣ расидаро бояд дар мӯҳлати на дертар аз  бист шабонарӯз  аз рӯзи ворид шуданаш баррасӣ кунад. Дар ҳолатҳои истисноӣ Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовини ӯ метавонанд бо қарори худ ин мӯҳлатро то як моҳ дароз кунанд.
  3. Дар сурати дароз кардани мӯҳлати баррасии парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ иштирокчиёни парванда бояд пешакӣ огоҳ карда шаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …